Рушди ҳамкории дуҷониба миёни корхонаҳои истеҳсолии шаҳрҳои Душанбе ва Минск баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 26.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод 23 сентябр бо раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск Владимир Кухарёв мулоқот анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷараёни мулоқот раванди мусбат ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла кооператсияи истеҳсолӣ миёни корхонаҳои шаҳрҳои Душанбе ва Минск, мусоидат ба рушди робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкорӣ ва тақвияти фаъолияти тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ баррасӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки 21 июли соли 1998 дар шаҳри Минск миёни Раиси шаҳри Душанбе ва Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск Шартнома дар бораи паймони бародаршаҳрии шаҳрҳо ва Созишнома миёни Ҳукумати шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидааст.
Акс: ВКХ ҶТ








Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






