Рушди ҳамкории дуҷониба миёни корхонаҳои истеҳсолии шаҳрҳои Душанбе ва Минск баррасӣ гардид

Сентябрь 26, 2022 15:40

ДУШАНБЕ, 26.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод 23 сентябр бо раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск Владимир Кухарёв мулоқот анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот раванди мусбат ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла кооператсияи истеҳсолӣ миёни корхонаҳои шаҳрҳои Душанбе ва Минск, мусоидат ба рушди робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкорӣ ва тақвияти фаъолияти тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ баррасӣ  гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки 21 июли соли 1998 дар шаҳри Минск миёни Раиси шаҳри Душанбе ва Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск Шартнома дар бораи паймони бародаршаҳрии шаҳрҳо ва Созишнома миёни Ҳукумати шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидааст.

Акс: ВКХ ҶТ

Сентябрь 26, 2022 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Тоҷикистон бо Вазири иқтисод ва сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Дар Тянҷин мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо мудири кулли Фонди кувайтии рушди иқтисодии араб мулоқот намуд
Дар Давҳа машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қатар баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Густариши робитаҳои молиявии Тоҷикистон ва Қатар мавриди муҳокима қарор гирифт
Байни мақомоти стандартизатсияи Тоҷикистон ва Узбекистон «Харитаи роҳ» омода карда мешавад
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Агентии маълумот ва зеҳни сунъии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари Институти дипломатии Кувайт ба номи Сауд Ан-Носир Ас-Сабоҳ мулоқот намуд
Хуттали Қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбарияти Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ мулоқот намуд