Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба Донишгоҳи байналмилалӣ табдил дода шавад

Сентябрь 27, 2022 09:43

ДУШАНБЕ, 27.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзода табдил дода шавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Бо дарназардошти шароити муҳайёгардида ва бо мақсади рушду инкишофи боз ҳам бештари фаъолияти илмиву таълимии муассиса дар самти омода намудани мутахассисони баландпояи донандаи якчанд забони хориҷӣ пешниҳод мегардад, ки номи донишкада ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзода табдил дода шавад», — иброз доштанд Президенти мамлакат зимни суханронӣ дар донишкадаи мазкур.

Дар робита ба ин, ба Вазорати маориф ва илм ва дигар вазорату  идораҳо дастур дода шуд, ки дар муддати 3 моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро доир ба ин масъала таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

«Мо барои забономӯзии наврасону ҷавонон дар ҳамаи зинаҳои таҳсил бояд тамоми шароити заруриро фароҳам созем ва корро тавре ба роҳ монем, ки ба кишварҳои хориҷӣ барои забономӯзӣ рафтани шаҳрвандонамон ҳарчи камтар гардад, — тазаккур доданд Сарвари давлат. — Бо ин мақсад бояд аз тамоми имконият, аз ҷумла китобхонаҳо, ки барои тадрису омӯзонидани забонҳо заминаи бисёр мусоид мебошанд, васеъ ва самаранок истифода карда шавад».

Таъкид гардид, ки ҷиҳати ҳалли ин масъала Вазорати маориф ва илм, Донишкадаи давлатии забонҳо ва факултаҳои забономӯзии ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд барномаҳои забономӯзӣ таҳия ва амалӣ намоянд.

Бояд зикр намуд, ки 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода менамоянд.

АКС: ДДЗТ/АМИТ «Ховар»

Сентябрь 27, 2022 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст