«ШАҲРИ ОФТОБИИ МАН». Манижа Сангин барои баргузории нахустин консерти яккасароӣ дар Тоҷикистон вориди Душанбе шуд

Сентябрь 5, 2022 11:00

ДУШАНБЕ, 05.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Душанбеи ман! Шаҳри офтобии ман!»,- овозхони тоҷиктабори Русия Манижа Сангин изҳори шодии худро аз мулоқоти деринтизор  бо шаҳри дӯстдоштааш рӯзи шанбеи 3 сентябр дар саҳифаи фейсбукиаш ин гуна баён дошт.

Овозхони маъруф аз омаданаш ба пойтахти Тоҷикистон — маконе, ки  нақша дорад консерти худро баргузор намояд, хабар дод.

Мо фурӯши чиптаҳои консерти аввалини яккасароии маро дар Тоҷикистон бо номи «Шаҳри Офтоб», ки 9 октябр дар Душанбе дар саҳни «Кохи Суруш» баргузор мегардад, оғоз кардем, — навиштааст ӯ.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, «Сафари ҳунарии лағвнашаванда» моҳи сентябри соли 2022 оғоз шуда, дар қисмати аввал кишварҳоеро, чун Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон фаро мегирад. Манижа дар зодгоҳаш — шаҳри Душанбе низ консерти калон барпо хоҳад кард.

Ҳамчунин зикр шудааст, ки як қисми даромад аз консертҳо дар доираи сафари ҳунарӣ ба Бунёди дастгирӣ ва ҳимояи одамон дар вазъияти душвори ҳаёт- SILSILA, ки Манижа ҳамроҳ бо модараш Наҷиба таъсис додааст, фиристода мешаванд.Дар Душанбе барои харид ё дархости чипта метавонед  ба ин манбаъ муроҷиат намоед: https://echipta.tj/preview.php?id=11903

«Ҳамаи шуморо бесаброна интизорам»,-муроҷиат намудааст Манижа ба мухлисони худ.

АКС: Global Look Press

 

Сентябрь 5, 2022 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд