«ШАҲРИ ОФТОБИИ МАН». Манижа Сангин барои баргузории нахустин консерти яккасароӣ дар Тоҷикистон вориди Душанбе шуд
ДУШАНБЕ, 05.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Душанбеи ман! Шаҳри офтобии ман!»,- овозхони тоҷиктабори Русия Манижа Сангин изҳори шодии худро аз мулоқоти деринтизор бо шаҳри дӯстдоштааш рӯзи шанбеи 3 сентябр дар саҳифаи фейсбукиаш ин гуна баён дошт.
Овозхони маъруф аз омаданаш ба пойтахти Тоҷикистон — маконе, ки нақша дорад консерти худро баргузор намояд, хабар дод.
Мо фурӯши чиптаҳои консерти аввалини яккасароии маро дар Тоҷикистон бо номи «Шаҳри Офтоб», ки 9 октябр дар Душанбе дар саҳни «Кохи Суруш» баргузор мегардад, оғоз кардем, — навиштааст ӯ.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, «Сафари ҳунарии лағвнашаванда» моҳи сентябри соли 2022 оғоз шуда, дар қисмати аввал кишварҳоеро, чун Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон фаро мегирад. Манижа дар зодгоҳаш — шаҳри Душанбе низ консерти калон барпо хоҳад кард.
Ҳамчунин зикр шудааст, ки як қисми даромад аз консертҳо дар доираи сафари ҳунарӣ ба Бунёди дастгирӣ ва ҳимояи одамон дар вазъияти душвори ҳаёт- SILSILA, ки Манижа ҳамроҳ бо модараш Наҷиба таъсис додааст, фиристода мешаванд.
Дар Душанбе барои харид ё дархости чипта метавонед ба ин манбаъ муроҷиат намоед: https://echipta.tj/preview.php?id=11903
«Ҳамаи шуморо бесаброна интизорам»,-муроҷиат намудааст Манижа ба мухлисони худ.
АКС: Global Look Press








Бахшида ба Ҳафтаи илми тоҷик дар Хонаи китоби Тоҷикистон конференсияи илмӣ доир шуд
Дар Душанбе паҳлуҳои гуногуни Устувонаи Куруши Кабир чун аввалин эъломияи ҳуқуқи башар баррасӣ гардид
Гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон дар Фестивал-намоиши байналмилалии «ART EXPO» ташкил карда шуд
Дар Душанбе намоиши асарҳои муҷассамавии Рассоми халқии Тоҷикистон доир гардид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 800 бозёфти нодири таърихӣ ба намоиш гузошта шудааст
РӮЗИ БУЗУРГДОШТИ САЪДИИ ШЕРОЗӢ. Осори безаволи шоир дар тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа нақши муҳим дорад
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали 48-уми байналмилалии Москва намоиш дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамоиш баргузор гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар Кӯлоб даври шаҳрии фестивал-озмун баргузор гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗ ВА НИГОҲДОРИИ ЁДГОРИҲО ВА ҶОЙҲОИ ТАЪРИХӢ. Қалъаи Ҳисор таърихи зиёда аз 3000-сола дорад
ТАЪРИХИ ВАТАНРО МЕОМӮЗЕМ! Имрӯз дар мавзеъҳои таърихии мамлакат Рӯзи дарҳои боз гузаронида мешавад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид






