Сироҷиддин Муҳриддин: «Масъалаи муайянсозии хатти сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистонро Созишнома дар бораи таъсиси ИДМ ва Эъломияи Алмаато танзим наменамоянд»
ДУШАНБЕ, 25.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 24 сентябр Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ дар мубоҳисаи умумии иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ далелҳои роҳбарияти Қирғизистонро аз минбари баланд дар мавриди Созишномаи таъсиси ИДМ ва Эъломияи Алмаато, ки онҳоро ҳамчун асоси ҳуқуқӣ ҷиҳати муайянсозии сарҳади давлатӣ маънидод кард, шарҳ дод.
Ба таъкиди Сироҷиддини Муҳриддин, масъалаи муайянсозии хатти сарҳад мавзӯе нест, ки ин санадҳо онро танзим намоянд. Боиси таассуфи амиқ аст, ки Қирғизистон бо такя ба бархӯрди яктарафа, ҷонибдорона ва аз пеш таъйиншуда шурӯъ аз солҳои 50-уми асри гузашта худсарона зиёда аз 2110 километри мураббаъ замини қонунан мансуб ба Тоҷикистонро ғасб намудааст. Ба ин нукта низ ҳамсояҳои мо ишора накарданд.
«Мехоҳам ба Маҷмаи Умумӣ иттилоъ диҳам, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷиҳати шарҳи гузариши хатти сарҳади давлатӣ мутобиқ ба тақсимоти марзӣ-ҳудудии солҳои 1924-1927 ба созиш расидаанд», — гуфт С. Муҳриддин.
Бино ба зикри ӯ, маҳз ҳамин санадҳо ҳамаи тартиботу равишҳои конститутсиониро гузашта, аз ин лиҳоз заминаи ягонаи ҳуқуқии идомаи раванди музокиротро ташкил медиҳанд. Новобаста ба ин, ба мақсади нишон додани ҳусни ният ва хушоҳангии ҳадди аксар мо бо ҳамсояҳо розӣ шудем, ки ҳамчунин маводи комиссияи баробарии соли 1989-ро, ки Қирғизистон пешниҳод кард, истифода намоем.
«Масъалаҳои сарҳадӣ бо изҳороти ҳавоӣ ва эҷоди ҳолатҳои буҳронӣ ҳал намешаванд. Кори ҳаррӯзаи муштарак ва ботафаккури ба ҳусни нияти тарафҳо асосёфта лозим аст», — таъкид кард Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.
С. Муҳриддин тазаккур дод, ки Тоҷикистон масъалаҳои сарҳадиро бо Чин ва Узбекистон ҳаллуфасл намуд ва ин натиҷаи меҳнати дарозмуддати ҳама тарафҳост.
«Мо таҷрибаи зиёдеро касб намудем, ки муҳим аст ҳангоми ҳалли масоили сарҳадӣ бар мабнои эҳтироми мутақобила, боварӣ ва ошкоро ба таври том истифода шавад», — ёдовар шуд ӯ .
Дар таърихи 20-солаи музокирот бо Қирғизистон мо даҳҳо протокол имзо кардаем. Аммо, бо гузашти вақту тағйири қувваҳои сиёсӣ дар қудрат, ин санадҳо таҷдиди назар мешаванд ва танҳо он муқаррароте, ки танҳо ба он тараф мақбул аст, мавриди иҷро қарор мегиранд.
Ба ҳолати имрӯз, ҳар ду кишвар тавонистанд, то 602,5 км-и сарҳадро ҳамоҳанг намуда, шарҳи лоиҳавии онро омода намоянд, ки ин 61 фисад аз дарозии умумии онро ташкил медиҳад.
«Тоҷикистон, бо такя ба таҷрибаи байналмилалии муайянсозии сарҳадҳо, борҳо ба ҳамсояҳо пешниҳод намуд, то натиҷаҳои кори бисёрсоларо дар ин самт тавассути имзои шартнома дар бораи қитъаҳои алоҳидаи сарҳад аз лиҳози ҳуқуқӣ қайд намояд. Аммо ҳамсояҳои мо ин пешниҳодро қатъиян қабул надоранд», — иброз дошт Вазири корҳои хориҷӣ.
С. Муҳриддин бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ёдовар шуд, ки мардумони тоҷику қирғиз ҳақ доранд ҳамроҳ дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ҳамоҳангӣ зиндагӣ ва эҷод кунанд.
Тоҷикистон, ки ваҳшати низои дохилиро аз сар гузаронидааст, қадри сулҳро медонад ва ҳамаи талошҳои худро ба он равона мекунад, ки дар минтақаи мо суботу амният ҳукмфармо бошад.
Акс: ВКХ ҶТ








Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Габон, Кипр ва Сингапур мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2028 дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид
Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ баррасӣ шуд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк мулоқот намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд
Созишнома оид ба бекор кардани талаботи раводид байни Тоҷикистон ва Сейшел ба имзо расид






