Сироҷиддин Муҳриддин ва Дабири кулли САҲА Ҳелга Шмид воқеаҳои охир дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ намуданд

Сентябрь 21, 2022 09:55

ДУШАНБЕ, 21.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр дар ҳошияи «Ҳафтаи сатҳи баланд» — и иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Ҳелга Шмид вохӯрӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

«Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба воқеаҳои охир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва вазъ дар Афғонистон мубодилаи афкор карданд»,- таъкид намуданд дар ВКХ Тоҷикистон.

Инчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими робитаҳои Тоҷикистону САҲА ва тавсеаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби «Раванди Душанбе» оид ба мубориза бо терроризм ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.

Бояд зикр намуд, ки конфронс ҷузъи таркибии «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» ба шумор меравад, ки моҳи майи соли 2018 дар пайи баргузории нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (Душанбе, 3-4 майи соли 2018) аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои СММ, САҲА ва Иттиҳоди Аврупо роҳандозӣ шудааст. Дар ҳамкорӣ бо Дафтари зиддитеррористии СММ (UNOCT) дар чаҳорчӯби ин раванд инчунин Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил» 16-17 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе доир гардидааст.

Дар бахши ифтитоҳии конфронс суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков, як зумра вазирон ва дигар намояндагони воломақоми кишварҳои хориҷӣ дар назар аст.

Натиҷаҳои конфронс дар «Эъломияи Душанбе оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо»” инъикос мегарданд.

Маълумоти муфассал ва пайванди электронӣ барои бақайдгирӣ дар сомонаи расмии конфронс дастрас мебошад.

Акс: ВКХ ҶТ

Сентябрь 21, 2022 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд