Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии Президенти Русия ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд

Сентябрь 6, 2022 08:11

ДУШАНБЕ, 06.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 5 сентябр бо даъвати Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии ду кишвар ба Федератсияи  Русия сафари расмӣ анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ аз Москва хабар дод.

Зимни мулоқот сарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Русия масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Русияро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ баррасӣ намуда, доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

«Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии дарпешистодаи Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Дар робита ба ин тавофуқ ҳосил шуд, ки ҳамоҳангсозии вазоратҳои хориҷӣ пас аз анҷоми мутобиқкунии бастаи асноди дуҷониба, ки мавриди баррасӣ қарор доранд, идома ёбад», — таъкид намуд Шоҳин Самадӣ.

Вазирон ҷараёни рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодиро мусбат арзёбӣ намуда, масъалаҳои омодагиҳоро ба Форуми сармоягузории «Тоҷикистон-Русия», ки қарор аст 15 сентябри соли 2022 дар Душанбе баргузор шавад, баррасӣ карданд.

Зимни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории башардӯстона ва муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷониби Русия ба тадбирҳои андешида дар Тоҷикистон дар самти ҳифз ва рушди забони русӣ баҳои баланд дода, омодагии худро барои мусоидати ҳамаҷониба ҷиҳати баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия дар моҳи октябри соли 2022 қайд кардааст.

Вазирон ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд низ ба сохторҳои дахлдори ду кишвар дар ҳалли фаврии ҳама масъалаҳои мубрами муҳоҷират ва рушди иқтидори шаҳрвандоне, ки нияти кор дар қаламрави ду кишвар доранд, мусоидат кунанд.

Зимни мулоқот ба масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар бахши амният таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, авзоъ дар Афғонистон таъкид шуд.

Зимни мулоқот ба масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи амният бо таваҷҷуҳ ба вазъияти кунунӣ дар Афғонистон диққати махсус дода шуд.Дар натиҷаи мулоқоту музокирот вазирон Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия барои солҳои 2022-2023-ро ба имзо расониданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Сентябрь 6, 2022 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст