Сироҷиддин Муҳриддин ва Владимир Воронков омодагӣ ба Конфронси Душанбе оид ба мубориза бо терроризмро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 20.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр дар ҳошияи «Ҳафтаи сатҳи баланд»-и иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ, роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ (UNOCT) Владимир Воронков баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва UNOCT, бавижа амнияти минтақавӣ, вазъияти Афғонистон, инчунин омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо», ки 18-19 октябри соли 2022 дар Душанбе дар доираи «Раванди зиддитеррористии Душанбе» баргузор мегардад, баррасӣ карданд.
Бояд зикр намуд, ки конфронс ҷузъи таркибии «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» ба шумор меравад, ки моҳи майи соли 2018 дар пайи баргузории нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (Душанбе, 3-4 майи соли 2018) аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои СММ, САҲА ва Иттиҳоди Аврупо роҳандозӣ шудааст. Дар ҳамкорӣ бо Дафтари зиддитеррористии СММ (UNOCT) дар чаҳорчӯби ин раванд инчунин Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил» 16-17 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе доир гардидааст.
Дар бахши ифтитоҳии конфронс суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков, як зумра вазирон ва намояндагони воломақоми кишварҳои хориҷӣ дар назар аст.
Натиҷаҳои конфронс дар «Эъломияи Душанбе оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо»” инъикос мегардад.
Маълумоти муфассал ва пайванди электронӣ барои бақайдгирӣ дар сомонаи расмии конфронс дастрас мебошад.
Акс: ВКХ ҶТ








Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд






