Соҳибкорони вилояти Хатлон бо фаъолияти Минтақаи муташаккили саноатӣ Газиантепи Туркия шинос шуданд

Сентябрь 13, 2022 10:06

ДУШАНБЕ, 13.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 11 сентябр ҳайати ҳукуматию тиҷоратии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба Ҷумҳурии Туркия сафар намуд. Ҳадафи ин сафар ба роҳ мондани ҳамкории судманд, густариш додани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо минтақаю шаҳрҳои Газиантеп, Қаҳраманмараш, Бурса ва Истанбул мебошад, ки он то 18 сентябр идома меёбад. Гурўҳи мазкур бо  фаъолияти  Минтақаи муташаккили саноатии  Газиантепи Ҷумҳурии Туркия аз наздик шинос шуд.

Тавре аз шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар доираи сафар мулоқоти  Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва гурӯҳи соҳибкорони вилояти Хатлон дар шаҳри Газиантепи Туркия бо маъмурияти Минтақаи муташаккили саноатии  Газиантеп  доир гардид.

Зимни мулоқот намояндаи Минтақаи муташаккили саноатии Газиантеп оид ба фаъолият ва дурнамои минтақа маълумот дод. Зикр гардид, ки дар Газиантеп 6 минтақаи муташаккили саноатӣ мавҷуд буда,  масоҳати 4,5 ҳазор гектарро дар бар мегирад. Дар беш аз 1000 ширкати истеҳсолие, ки дар ҳудуди ин минтақаҳои саноатӣ фаъолият доранд, 250 ҳазор нафар кор мекунанд.

Ноиби президенти Минтақаи муташаккили саноатии Газиантеп Умар Ҷинҷикчи афзуд, ки феълан дар Минтақаи мазкур  то 30 ширкати хориҷӣ, аз ҷумла аз Сурия, Амороти Муттаҳидаи Араб ва  кишварҳои Балтик фаъолият доранд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар мулоқот бо масъулини ММС ва соҳибкорони Газиантеп зикр кард, ки солҳои тулонист Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия муносибати дӯстона ва ҳамкории зич дорад, ки дар асоси принсипҳои эҳтироми якдигар, эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва ба назар гирифтани манфиатҳои тарафайн бунёд шудаанд.

Айни замон бештар аз 100 ширкати сармоягузории Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти босамар доранд ва ҳаҷми сармоягузорӣ ҳамасола рӯ ба афзоиш дорад.

Қурбон Ҳакимзода ҳамчунин доир ба зарфиятҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва самтҳои асосии сармоягузорӣ маълумот дода, иброз дошт, ки барои бунёди корхонаҳои муштарак ва тақвияти ҳамкорӣ  дар вилоят захираҳои зиёди ашёи хом ва имконияту иқтидорҳои зарурӣ мавҷуд мебошад.

«Сафари мо ба Ҷумҳурии Туркия баҳри  дарёфти ҳамкории судманд дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, аз ҷумла растанипарварию чорводорӣ, коркарди гӯшту шир, меваю сабзавот, коркарди гиёҳҳои шифобахш ва истеҳсоли доруворӣ, тақвияти ҳунармандӣ ва инчунин ба роҳ мондани алоқаи мустақим байни корхонаҳои саноати сабук, аз ҷумла, ресандагӣ, бофандагӣ, рангубор ва дӯзандагӣ, пойафзолбарорию маҳсулот аз чарм, ташкил ва таъмини фаъолияти босамари минтақаҳои саноатии ба содиротнигаронидашуда равона  гардидааст»,- афзуд Раиси вилояти Хатлон.

Дар идомаи мулоқот миёни масъулини вилояти Хатлон ва Минтақаи муташаккили саноатии Газиантеп, инчунин доираҳои тиҷоратии ҳар ду ҷониб вобаста ба дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, рушди саноати сабук ва хӯрокворӣ, ҳунармандӣ, имкониятҳо барои роҳандозии ҳамкориҳои тиҷоратӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҷалби сармояи туркӣ ба иқтисоди вилояти Хатлон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар интиҳои мулоқот раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода ва ноиби президенти Минтақаи муташаккили саноатии Газиантеп Умар Ҷинҷикчи санади ҳамкориро оид рушди равобити иқтисодию тиҷоратӣ, баррасии имконияти сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноати сабук ба имзо расониданд.

Ҳамчунин санади ҳамкорӣ миёни роҳбари Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» Илҳом Камол ва ноиби президенти ММС-и Газиантеп Умар Ҷинҷикчи ба имзо расида, аз ҳайати музофоти Газиантеп, аз ҷумла ММС-и Газиантеп даъват карда шуд, ки  соли оянда ба Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ташриф биоранд.

Пас аз мулоқот бо роҳбарияти ММС-и Газиантеп гурӯҳи соҳибкорони вилояти Хатлон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолию саноатии ин минтақа шинос шуданд.

АКС: Мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Сентябрь 13, 2022 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод