Таҳти раёсати муовини Сарвазири Тоҷикистон ҷаласаи Комиссияи байниидоравии экологӣ доир шуд

Сентябрь 29, 2022 10:20

ДУШАНБЕ, 29.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр  дар ҷаласаи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии  аҳолӣ, ки таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода доир гардид, ҷараёни  татбиқи   «Барномаи  давлатии маҷмӯии   рушди тарбия ва  маърифати экологии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   барои солҳои 2021-2025» баррасӣ шуд. Хабарнигори АМИТ  «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа татбиқи ин санади муҳим, хусусан тадбирҳое, ки дар самти амалӣ гардонидани он андешида шудаанд, муҳокима  гардиданд.

Дар ҷаласа  Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити  зисти назди ҳукумати   ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода доир ба татбиқи  «Барномаи  давлатии маҷмӯии   рушди тарбия ва  маърифати экологии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   барои солҳои 2021-2025»  гузориш дод.


Бо мақсади татбиқи барномаи мазкур аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист нақшаи чорабиниҳо таҳия шуда, ба вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ирсол гардид. Дар доираи татбиқи барнома бо мақсади   баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии  аҳолии мамлакат  аксияҳои «Тозагии маҳал», «Тозагии соҳил», маъракаҳои  ниҳолшинонӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани муҳити атроф  дар шаҳру навоҳии мамлакат гузаронида шуда, инчунин ҷиҳати сафарбарӣ дар  чорабиниҳои гуногуни экологӣ дастаҳои волонтёрҳо   ташкил  гардид.

Ҳамчунин бо ибтикори  Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо мақсади тарғиби масъалаҳои экологӣ дар воситаҳои ахбори омма маҳфили журналистони  экологӣ таъсис дода шудааст.

Дар ҷаласа муовини аввали Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ  Ҷамшед Ҷӯразода роҷеъ ба татбиқи барнома дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ ва олии мамлакат  ва дигар намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ доир ба ҷараёни иҷрои   барнома  гузориш дод.

Бояд тазаккур дод, ки «Барномаи  давлатии маҷмӯии   рушди тарбия ва  маърифати экологии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   барои солҳои 2021-2025» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 апрели соли 2021 қабул гардида, аз 12 боб ва 35 банд иборат аст. Ҳадафи барнома  баланд  бардоштани маърифати  экологии  аҳолии мамлакат ва андешидани тадбирҳои зарурию саривақтӣ доир ба  ҳифзи муҳити зист мебошад.

Дар ҷаласаи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ ҳамзамон масъалаҳои марбут ба беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист, аз эрозия нигоҳ доштани заминҳои кишт, беҳдошти ғизои аз лиҳози экологӣ солим, таъмини амнияти экологӣ,  баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, хусусан миёни  наврасону ҷавонон  ва андешидани тадбирҳои зарурӣ дар ин самт, тақвияти раванди ниҳолшинонӣ дар саросари мамлакат, хусусан  боз ҳам беҳтар гардонидани корҳо оид ба тозагӣ ва сабзу хуррамгардонӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар  ҷиҳати мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим  ва дигар масоили муҳими марбут ба ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардиданд.

Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода  дар анҷоми ҷаласа  ба роҳбарият ва масъулини вазорату идораҳо ҷиҳати татбиқи босифати «Барномаи  давлатии маҷмӯии  рушди тарбия ва  маърифати экологии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   барои солҳои 2021-2025», ҳифзи муҳити  зист ва таъмини амнияти экологии кишвар дастуру супоришҳои мушаххас дод.

                                                        Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 29, 2022 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад