ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 сентябр, чоршанбе, 257-умин рӯзи соли 2022 аст
14 сентябри соли 2005 дар таърихи навини Тоҷикистон боз як рӯйдоди басо муҳиму арзишманди байналмилалӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар ин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз минбари олитарин ташкилоти бонуфузи олам — Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ карда, диққати аҳли сайёраро ба ҳалли масъалаҳои глобалии умумибашарӣ ҷалб намуданд.
***
7 сол пеш, 14 сентябри соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо президентони Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон ва Беларус, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Душанбе ташриф оварда буданд, мулоқот анҷом доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 Тоҷикистон ва Қазоқистон шарики стратегӣ шуданд.
14 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар ИМА – Рӯзи суруди миллӣ.
***
Дар Украина – Рӯзи сафарбаркунии кормандон.
РӮЙДОДҲО:
14 сентябри соли 2009 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маросими кушодашавии филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов баргузор гардид.
***
12 сол пеш, 14 сентябри соли 2010 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Вахдат» машварати навбатии роҳбарони роҳи оҳани кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтия доир шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 Президенти вақти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни брифинг ҷавонони тоҷикро барои таҳсил ба мактабҳои олии Қазоқистон даъват намуд.
***
14 сентябри соли 2017 рӯзномаи Парлумони Озарбойҷон бо номи “Истиқлолияти Тоҷикистон дар роҳи расидан ба рушд» мақола нашр намуд.
***
14 сентябри соли 2017 Париж ва Лос-Анҷелес расман пойтахти Бозиҳои олимпии 2024 ва 2028 эълон шуданд.
***
14 сентябри соли 1991 Ҳизби коммунистии Узбекистон пароканда шуда, аз нав ҳамчун Ҳизби Халқӣ-Демократӣ ташкил гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1939 дар ИМА аввалин маротиба парвози чархбол ба ҳаво сурат гирифт.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






