«ТЕКСТИЛЛЕГПРОМ». Зарфияти нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ ба маърази тамошо гузошта мешавад
ДУШАНБЕ, 07.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нуҳ корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии «Текстиллегпром», ки бузургтарин намоишгоҳи тахассусӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ буда, 6 сентябр дар Москва оғоз гардид, намояндагӣ мекунанд. Инҳо корхонаҳои нассоҷию дӯзандагии «Ваҳдат Текстил», «KOTA Глобал», «Нассоҷи Хуҷанд», «Ноҳид», «Oртекс», «Раҳимов А. А.», «Сифат Саноат» «ТoҷТекс» ва «ХИМА Текстил» мебошанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар намояндагии Маркази тиҷорати байналмилалӣ /МТБ/ иттилоъ доданд.
Дастовардҳои навтарини Тоҷикистон дар истеҳсоли ришта, матои пахтагин ва либосворӣ дар доираи намоишгоҳ дар толори НКХХ то 9 сентябр ба маъраз гузошта мешаванд.
Ин сафар ва иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳ дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)-и МТБ ва дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон баргузор мешавад. Иштироки ҳайати Тоҷикистонро дар намоишгоҳ ширкатҳои машваратии «ACT Development» (Душанбе) ва «Business Consulting Group» (Хуҷанд), ҳамкорони МТБ танзим намуда, ҳайатро дар намоишгоҳ роҳбаладӣ мекунанд.
Беш аз даҳ сол аст, ки «Текстиллегпром» имкони хуберо фароҳам меорад, то ширкатҳои Тоҷикистон маҳсулоти худро дар саҳнаи байналмилалӣ ба намоиш гузошта, бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор карда, ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшанд.
Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ бори 14-ум аст, ки иштирок мекунад ва дар ин муддат ширкатҳои Тоҷикистон тавонистанд барои кишвар имиҷи манбаи маҳсулоти олисифати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ бисозанд. Корхонаҳои Тоҷикистон маҳсулоти тайёр, ба монанди либоси мардонаву занонаву кӯдакона, либосҳои варзишию махсус ва ғайраро ба намоиш мегузоранд.
Ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин бо ҳамкорони эҳтимолии тиҷоратӣ вохӯрда, бо фанновариҳои замонавии дӯзандагӣ ва равандҳои нав дар ҷаҳони мӯд шинос мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






