Тоҷикистон ҳамоиши сатҳи баландро оид ба обшавии пиряхҳо дар доираи ҳафтаи сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ доир намуд

Сентябрь 25, 2022 10:06

ДУШАНБЕ, 25.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 сентябр дар ҳошияи «Ҳафтаи сатҳи баланд»-и Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баландро бахшида ба обшавии пиряхҳо ташкил карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳамоиши мазкурро ифтитоҳ намуда, дар суханронии худ таъсири тағйирёбии иқлим ба обшавии пиряхҳо ва аҳамияти ин масъалаи муҳим барои ҷомеаи ҷаҳониро қайд намуд.

Дар ин росто Сироҷиддин Муҳриддин аз ташаббуси саривақтии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъкид намуда, аз кишварҳои узви СММ даъват ба амал овард, ки ин иқдомро дастгирӣ намоянд. Зикр шуд, ки барои амалӣ намудани ин пешниҳод, Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамшарикаш ният доранд, то дар соли ҷорӣ пешнависи қатъномаеро зери унвони «2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар Кумитаи дуввуми Маҷмаи умумии СММ пешбарӣ кунанд.

Ҳамчунин дар ин ҳамоиш вазири савдои хориҷӣ ва ҳамкории рушди Шоҳигарии Нидерланд, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, мудири шуъбаи Вазорати корхои хоричии Ҷумҳурии Исломии Покистон, муовинони вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Доминикан, Ҷумҳурии Аргентина, Ҷумҳурии Финляндия, Ёрдамчии директори генералӣ оид ба илмҳои табиатшиносии ЮНЕСКО, Ёрдамчии Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, муовини раиси ниҳоди “СММ-захираҳои об” ва Раиси иҷроияи Бунёди байналмилалии Академияи султонии илмҳо суханронӣ намуданд.

Маърӯзачиён ва иштирокчиёни чорабинӣ, аз ҷумла намояндагони баландпояи кишварҳои узв, ниҳодҳои СММ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор аз пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо истиқбол намуда, омодагии хешро ҷиҳати амалӣ намудани ин ташаббус изҳор карданд.

Дар ҳамоиши сатҳи баланд намояндагони беш аз 90 кишварҳои узви СММ, инчунин ҷонибҳои манфиатдор ва шарикон аз саросари ҷаҳон ширкат доштанд.

Ин ҳамоишро Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Шоҳигарии Нидерландия, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Канада, Ҷумҳурии Доминикан, Швейтсария, Ҷумҳурии Аргентина ва Ҷумҳурии Муттаҳидаи Танзания, инчунин ЮНИСЕФ, ЮНЕСКО, Дафтари СММ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, Созмони ҷаҳонии обу ҳавошиносӣ ва ниҳоди «СММ-захираҳои об» чорабинии сатҳи баландро бахшида ба обшавии пиряхҳо ташкил карданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Сентябрь 25, 2022 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд