«ТОҶИКИСТОН — КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ». Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд шакли хурди намоиш ифтитоҳ ёфт

Сентябрь 21, 2022 09:01

ДУШАНБЕ, 21.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд шакли хурди намоиши «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» ифтитоҳ гардид, ки то 30 сентябр идома меёбад, хабар дод сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба АМИТ «Ховар».

Дар ифтитоҳи намоиш Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода, сардори раёсати фарҳанги вилояти Суғд Бахтиёр Қосимов, омири кулли Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд» Иброҳим Иброҳимов, Директори Осорхонаи таърхии вилояти Суғд Мансурҷон Бойматов, устодону донишҷӯёни факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Дар намоиш зиёда аз 100 адад ашёи таърихии марбут ба миллати тоҷик аз фонди Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» ба тамошо гузошта шудаанд, ки инъикосгари таърихи куҳанбунёди халқи тоҷик буда, фарогирандаи ҳазораи 4 то мелод ва давра ба давра то асри 10 мелодӣ мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон шакли хурди намоиши «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» қаблан давоми як моҳ дар осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид. Ба ин восита мардуми маҳаллӣ имконият пайдо намуданд, ки бидуни сафар ба пойтахти кишвар аз ин намоиши сайёр дидан карда, бо осори таърихии ниёгони хеш шинос гарданд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 21, 2022 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст