Тоҷикистон ва Маркази рушди иқтидори минтақавии Хазинаи Байналмилалии Асъор ҳамкориро густариш медиҳанд

Сентябрь 22, 2022 08:49

ДУШАНБЕ, 22.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо директори Маркази рушди иқтидори минтақавии Хазинаи Байналмилалии Асъор барои кишварҳои Кавказ, Осиёи Миёна ва Муғулистон Норберт Функе вохӯрӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» ба истинод ба вазорати мазкур.

Завқӣ Завқизода тақвияти ҳамкории минбаъдаро дар самтҳои таҳияи модели муосири дурнамои макроиқтисодӣ, истифодаи таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ вобаста ба омодасозии гузоришҳои таҳлилии рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, омӯзиш ва мубодилаи таҷрибаи мамлакатҳои рушдёфта ва пешниҳоди кумаки техникӣ барои такмили самтҳои зикргардида зарур арзёбӣ намуд.

Завқӣ Завқизода гуфт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии иқтисодӣ таъсис дода шудааст ва тақвияти ҳамкории марказро бо  пажӯҳишгоҳи мазкур зарурӣ арзёбӣ намуд.

Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ доир ба ташкили чорабиниҳои машваратию омӯзишӣ вобаста ба пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ баён доштанд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Сентябрь 22, 2022 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 4-уми сатҳи баланд оид ба маблағгузории рушди устувор дар Испания иштирок намуд
Дар Созмони ҷаҳонии гумрук намояндагии доимии Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Байни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Саридораи закот, андоз ва гумруки Арабистони Саудӣ Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуд
НАМОИШГОҲИ ҶАҲОНИИ EXPO-2025. Ҳамарӯза Гӯшаи Тоҷикистонро 25 ҳазор нафар тамошо менамояд
Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO-2025 дар Осакаи Ҷопон баргузор шуд
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба як миллиард сомонӣ расид
Дар ноҳияи Ёвон беш аз 22 ҳазор тонна маҳсулоти ғаладонагӣ ҷамъоварӣ гардидааст
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соли 2024 ба беш аз 307 миллион сомонӣ расид»
Шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 11 ҳазор расид
Эмомалӣ Раҳмон: «Ташрифи сайёҳон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13 баробар афзудааст»
Қитъаи муҳими роҳи Душанбе – Хоруғ – Қалъаихумб бо пулу нақб мавриди истифода қарор гирифт