Туркманистон дар Тоҷикистон барои 540 хонанда мактаб бунёд мекунад
ДУШАНБЕ, 09.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагии ба номи Эргаш Султонови ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон мактаби ба номи Махтумқулӣ барои 540 хонанда бунёд мешавад. Дар робита ба ин, бо фармоиши Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон, Вазорати сохтмон ва меъмории ин кишвар барои тарҳрезӣ ва сохтмони ин мактаби миёна озмуни байналмилалӣ эълон гардидааст. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора дирӯз, 8 сентябр, рӯзномаи «Туркменистан» хабар додааст.
«Дархостҳо ва пешниҳодҳои ҷонибҳои манфиатдор бо тартиби муқарраршуда қабул мегарданд ва дар Раёсати маркетинг ва робитаҳои иқтисодии берунии Вазорати сохтмон ва меъмории Туркманистон дар суроғаи зерин ба қайд гирифта мешаванд: шаҳри Ашқобод, хиёбони Арчабил, 84. Дархостҳо аз рӯзи дар рӯзнома чоп шудани эълон то 21 октябр қабул мегарданд», — омадааст дар иттлиоия.
Ёдовар мешавем, ки Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи сохтмони бинои (маҷмааи биноҳо) мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Махтумқулӣ дар хоҷагии ба номи Эргаш Султанови ноҳияи Ҷиликӯл (ҳоло ноҳияи Дӯстӣ)-и вилояти Хатлон 2 ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба имзо расида буд.
Ҳамчунин қобили зикр аст, ки тибқи иттилои дастрас, дар Тоҷикистон, асосан дар навоҳии Дӯстиву Балхӣ ва ҳамчунин Қубодиёну Шаҳритӯси вилояти Хатлон ҳудуди 25 ҳазор туркман ба сар antiviral-meds-info.com. Дар мамлакат ҳафт мактаб бо забони туркманӣ фаъолият доранд. Аз соли 1994 дар кишвар Ҷамъияти фарҳангии туркманҳо амал мекунад.
АКС: arzuw.news








«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд






