Умед Бобозода дар вохӯрии сатҳи баланди ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи инсони узви САҲА дар Лаҳистон иштирок кард

Сентябрь 7, 2022 11:53

ДУШАНБЕ, 07.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар вохӯрии сатҳи баланди ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони аъзои САҲА, ки дар шаҳри Варшаваи Ҷумҳурии Лаҳистон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар вохӯрии мазкур омбудсменҳои Осиёи Марказӣ низ ширкат дошта, масъалаҳои ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи инсони давлатҳои аъзои САҲА, мутобиқати фаъолияти  онҳо ба принсипҳои Париж, аккредитатсияи ин ниҳодҳо, фаъолияти онҳо дар давраи пандемияи КОВИД – 19 ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар заминаи мулоқот Умед Бобозода инчунин бо чанд нафар омбудсменҳои давлатҳои минтақаи САҲА вохӯрии дуҷониба намуда, оид ба густариши ҳамкории дуҷониба дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон суҳбат намуд.

Бояд зикр кард, ки баъди пандемияи КОВИД-19 ин аввалин вохӯрии роҳбарони миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон тариқи ҳузурӣ мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ

Сентябрь 7, 2022 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд