Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳороти Дабири кулли Созмони кишварҳои туркиро шадидан маҳкум кард
ДУШАНБЕ, 20.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳороти Дабири кулли Созмони кишварҳои туркӣ Бағдод Амреевро роҷеъ ба ҳодисаҳои фоҷиабор дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон шадидан маҳкум кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
«16 сентябри соли 2022 дабири кулли Созмони кишварҳои туркӣ Б.Амреев роҷеъ ба ҳодисаҳои фоҷиабор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон изҳорот дод. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳороти мазкурро шадидан маҳкум мекунад», — омадааст дар изҳороти вазорат.
Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки изҳороти Б.Амреев таассуфовар мебошад, ed-pills24.com ҳадафҳои эълонкардаи Созмон, ки яке аз онҳо гузоштани саҳми муштарак дар таъмини сулҳу субот дар тамоми ҷаҳон мебошад, мухолифат мекунад.
Чунин изҳороти дабири кулли Созмони кишварҳои туркӣ ба талошҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли тамоми масъалаҳои дуҷониба танҳо бо василаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ монеа ба вуҷуд меорад.
Акс: ВКХ ҶТ








Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд






