Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 07.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябр дар шаҳри Женева даври чоруми Шарҳи универсалии даврии (ШУД) Тоҷикистон бо иштироки ҳайати расмии мамлакат таҳти роҳбарии Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария иттилоъ доданд, зимни ҷаласа ҳайати Тоҷикистон гузориши миллии кишварро оид ба иҷрои тавсияҳои даври қаблии Шарҳи универсалии даврӣ ва дастовардҳои дар самтҳои мухталифи ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон бадастомада муаррифӣ намуд. Аз ҷумла, дар гузориш якчанд иқдоми муҳим таъкид гардид: қабули «Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон то соли 2038»; қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз»; манъи ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдакон дар тамоми муҳитҳо; қабули Қонун «Дар бораи ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии маъюбон»; татбиқи «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023–2027»; инчунин пешбурди сиёсати таҳсилоти фарогир ва баланд бардоштани дастрасии кӯдакони маъюб ба таҳсил.
Дар доираи муколамаи интерактивӣ намояндагони наваду ҳашт кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайати Тоҷикистон саволҳо пешниҳод намуда, посухҳои дахлдор гирифтанд ва тавсияҳои худро барои идомаи таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар кишвар пешниҳод карданд.
Ба талошу тадбирҳои созандаи Тоҷикистон дар ҷодаи такмили низоми пешбурду таъмини ҳуқуқи инсон баҳои баланд дода шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария










Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид






