АЗ ҚАБУЛИ ҚОНУН «ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ» 13 СОЛ ПУР ШУД. Дар Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид

Октябрь 5, 2022 15:02

ДУШАНБЕ, 05.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид. Маҳз дар ҳамин рӯз, 5 октябри соли 2009 Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  қабул гардид.

Ба ин муносибат  дар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ҷамъомадҳои тантанавӣ баргузор шуданд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз  дар Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  зери  унвони  «Забони миллат-ҳастии миллат» маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд.

Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки “арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти мардум нақши барҷаста дорад, вазифаи инсониву виҷдонии ҳар фарди бонангу номус ба ҳисоб меравад”.

 Дар ҷамъомади идона зикр шуд, ки  Пешвои миллат пайваста  иброз менамоянд: «ҳамин забон аст, ки миллати тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо таъриху фарҳанги камназири худро тавассути он навишта ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст». Дигар ин ки забон ҳамчун падидаи иҷтимоӣ, дар ҳақиқат, ойинаи рӯзгор, расму ойин, суннату анъана ва донишу фарҳанги гузаштагон барои наслҳои имрӯза мебошад.

Аз ин рӯ, Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки беэътиборӣ ё беэҳтиромӣ нисбат ба забон қотеътарин далели надоштан ё гум кардани ҳисси миллӣ мебошад.

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

4 октябр дар ҷамъомади тантанавии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумита Ориф Хоҷазода таъкид кард, ки “таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯҳияи баланди ифтихори миллӣ ва дар вазъияти тантанавӣ ҷашн гирифта мешавад, воқеан яке аз санаҳои муҳими таърихӣ ба шумор меравад. Таҷлили ин санаи таърихӣ ба қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009 иртибот дорад ва дар асоси ҳамин санади меъёрии ҳуқуқӣ Рӯзи забони давлатӣ ба феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид гардидааст”.

Ориф Хоҷазода оид ба таърихи пайдоиши забони тоҷикӣ, нақш ва мақоми он дар раванди давлатсозии миллӣ, саҳми шоирону нависандагон ва донишмандони забардаст, аз ҷумла Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ,Саъдии Шерозӣ, Бедил, Аҳмади Дониш ва садҳо дигарон дар рушди забони тоҷикӣ сухан намуд.

Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

4 октябр дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва 13-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.

Муовини якуми Директори Агентии содирот Бахтиёр Назирмадзода иброз дошт, ки «танҳо дар даврони истиқлолият забони модарии мо ба забони тавонои расмиву давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфт. Он дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифта, оҳиста-оҳиста ба забони робитаҳои байналмилалӣ ва муошират миёни халқҳои сокини ҷумҳурӣ мубаддал гардид».

Ифтихор аз ватану ватандорӣ, таъриху фарҳанг, ифтихор аз миллат ва ҳувияти миллӣ аввалтар аз ҳама вобаста ба мақому эътибори забони давлатӣ ва поку бегазанд нигоҳ доштани он мебошад.

Бонки давлатиии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Амонатбонк»

«Мояи ифтихор ва сарбаландист, ки  бо забони тоҷикӣ ҳазорон бузургмардону нобиғаҳо, аз ҷумла Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Мавлоно Ҷомӣ, Айнию Бобоҷон Ғафуров ва садҳо нобиғаҳо осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд»,- зикр шуд дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи забон дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Амонатбонк».

Гуфта шуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ба феҳристи забони давлатҳои мустақили ҷаҳон дохил шуд. Дар замони соҳибистиқлолӣ муҳимияти муқаддасоти  забони модарӣ дар асарҳои Пешвои миллат инъикос гардидаанд. Китобҳои Сарвари давлат худ таҷассумгар ва таҳкимбахши заминаҳои таърихӣ ва рушди забони тоҷикӣ мебошанд.

Палатаи ҳисоби  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Забони миллат таҷассумгари ҳастии миллат буда, танҳо ба воситаи забон фарҳанг, тамаддун ва ҷомеа рушд меёбад. Маҳз тавассути забон инсон арзишҳои маънавии халқи худро меомӯзад ҳифз менамояд ва ба ин арзишҳо арҷ мегузорад. Ин матлаб 3 октябр зимни баргузории ҳамоиш  бахшида ба Рӯзи забон дар Палатаи ҳисоби  Ҷумҳурии Тоҷикистон  баён гардид.

Таъкид гардид, ки «забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмӯи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад. Яке  аз арзишмантарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои оянда арзёбӣ мегардад».

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ  ҳамоиш баргузор шуд.

Муовини якуми Раиси Палатаи савдо ва саноат Насим Анваров гуфт, ки забон дар тамоми давраҳои тараққиёти ҷамъият барои рушду камоли маърифату маънавиёти инсон нақши бузург бозида ва имрӯз ҳам аз он бархӯрдор аст.

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимтарини дунё ба ҳисоб рафта, таърихи он ба дуҳазорсолаи пеш аз милод рост меояд. Имрӯз ин забонро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ мешиносанд ва дар арсаи ҷаҳонӣ онро эътироф мекунанд. Забон мафҳуме зинда ва ҳамвора дар ҳаракат аст ва ҳамқадам бо рушду пешрафти ҷомеа тағйиру такомул ва инкишоф меёбад. Ҷараёни таҳаввулу ташаккули таърихи забони модарии мо – тоҷикон, пайваста дар тараққию такомул аст.

Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар мувофиқа   бо мақомоти дахлдор 160 кони металлӣ,  462  ғайриметаллӣ, 44 кон ва 509 зуҳуроти аз эътибор соқитшуда тасдиқ карда шуданд, яъне конҳо ва зуҳуроти канданиҳои фоиданок ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мутобиқ карда шуданд.

Ин матлаб зимни ҷаласаи тантанавӣ, ки имрӯз дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ баргузор шуд, баён гардид.

Сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода зикр намуд, ки «забони илмии соҳаи геология  нисбатан ҷавон аст. Ҳарчанд олимону бузургони халқи тоҷик. Ба мисли Абуалӣ Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ ва дигарон  баъзе асарҳои илмиашонро бо забони модарӣ-форсӣ эҷод карда буданд, вале баъди ба сарзамини аҷдодӣ расидани пойи номубораки душманони халқи тоҷик забони илмии мо то андозае мавқеи худро аз даст дод. Танҳо дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт кор ҷоннок гардида, забони илмии соҳаҳои гуногун комилу тозатар мегардад, инчунин номгузорӣ ва истилоҳоти  илмии забони тоҷикӣ ҷойи худро меёбад».

Имрӯзҳо дар ин самт ҳамкории Саридораи геология бо Кумитаи забон ва истилоҳот идома дорад. Дар доираи қонунҳои мавҷудаи забон тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд ва феҳристи истилоҳоти соҳаи геология комил мегардад.

Ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ кормандони Саридораи геология бо Сипоснома ва Ифтихорнома қадрдонӣ шуданд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС аз идораҳои марбута

Октябрь 5, 2022 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд