ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар Душанбе то соли 2026 сад корхонаи истеҳсолӣ бунёд мегарданд
ДУШАНБЕ, 10.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе то соли 2026 100 адад корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд. Сохтмони ин корхонаҳо дар асоси нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди саноат барои солҳои 2022-2026 бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Тавре мудири шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Нурмаҳмад Маҳмадуллозода иброз дошт, тибқи нақшаи чорабиниҳо, давоми ин солҳо муҳоҷирони ватанӣ барои фаъолият дар ин корхонаҳо ҷалб карда мешаванд.
«Дар доираи нақшаи чорабиниҳо давоми солҳои 2022-2026 дар пойтахт бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти макаронӣ, меваи хушк, ғизои кӯдакона ва дигар маҳсулоти нав бо дарназардошти талабот ва эҳтиёҷот дар шаҳри Душанбе, корхонаҳои нави истеҳсоли семент, гаҷкартон, хишт ва дигар маводи сохтмонии воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда ба нақша гирифта шудааст»,- гуфт Нурмаҳмад Маҳмадуллозода.
Инчунин тибқи нақшаи чорабиниҳо, давоми ин солҳо сифат ва банду басти маҳсулоти саноатию кишоварзӣ бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла алюминий ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида мешавад.
Ҳамзамон дар ин муддат рушди миёнасолонаи саноат дар сатҳи на кам аз 20 фоиз таъмин карда шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 5,5 милиард сомонӣ расонида мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 21 декабри соли 2021 дастовардҳои асосии иҷтимоию иқтисодии мамлакатро дар сӣ соли истиқлолият таҳлилу баррасӣ намуда, ба рушди соҳаи саноат аҳамияти махсус зоҳир намуданд. Пешвои миллат, аз ҷумла зикр намуданд, ки «бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимову иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022-2026, яъне то ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солҳои рушди саноат эълон карда шаванд».
«Ин пешниҳоди Сарвари давлат хеле муҳим ва саривақтӣ буда, ба амалигардонии ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат менамояд. Инчунин имкон медиҳад, ки даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил шуда, сатҳи зиндагии мардум баланд гардида, муҳимтар аз ҳама, сатҳи вобастагии корхонаҳои саноатии кишвар аз ашёи хоми воридотӣ паст карда шавад»,-афзуд мудири шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Масъалаи ҷалби мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ба барномаи JISPA баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои саҳроӣ ва таъмини оби полезӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Барномаи стипендияи Ҷопон дар рушди иқтидори касбии хизматчиёни давлатӣ муаррифӣ шуд
Дар Тошканд дар доираи Барномаи назорати мусофирон ва боркашонӣ вохӯрии солонаи байниминтақавии сатҳи баланд баргузор шуд
САНОАТ — МУҲАРРИКИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ. Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо эътимоди комил, суботи сиёсӣ ва сиёсати равшани саноатӣ истиқбол менамояд
Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Туркия баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон истихроҷи намаки ошӣ беш аз 1 фоиз кам гардидааст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон кишти зироат идома дорад
«Амонатбонк» иқдоми «Файзи Истиқлол-35»-ро пешниҳод намуд
Дар Душанбе «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030» муаррифӣ гардид
Малакаҳои рақамӣ заминаи рушди иқтисоди рақобатпазири Тоҷикистон мебошанд
Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар самти рушди иқтидори захираҳои инсонӣ густариш медиҳанд






