Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияи Варзоб ҳадафҳои асосии давлату Ҳукуматро баён доштанд

Октябрь 19, 2022 10:30

ДУШАНБЕ, 19.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ вохӯриву суҳбатҳои вакилон бо аҳли ҷамоат доир гардида истодаанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.

Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб вакилони Маҷлиси намояндагон Хайрулло Амонулло ва Муҳаммадулло Шерализода бо фаъолони ноҳия мулоқот намуданд.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Хайрулло Амонулло иброз дошт, ки муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи тақдирсоз роҳбари давлат интихоб намудани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.

«Шахсияте, ки бо қабули масъулияти олии созандагӣ манфиати умумимиллиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузоштанд ва корҳое, ки тайи солҳои сипаригардида анҷом доданд, сабаб шуданд, ки халқ ва неруҳои ақлонии мамлакат ба нақшаву барномаҳояшон бо диди умед бингаранд ва бо боварӣ пайрави роҳашон бошанд»,- зикр кард ӯ.

Узви кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Муҳаммадулло Шерализода иброз дошт, ки «бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибдавлатӣ ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон мо имрӯз дар остонаи таҷлили санаи бузурги миллӣ- 30- солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ, ки дастоварди муқаддастарини халқи Тоҷикистон мебошад, қарор дорем. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон набзи ҷомеаро бедор намуда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид».

Зикр шуд, ки дар сатҳи баланд анҷом додани маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, вусъат додани корҳои ободониву бунёдкорӣ, самаранок истифода бурдани қитъаҳои замин, кишти зироати кишоварзӣ ва дар ҳар оила захира намудани маводи ғизоӣ барои на камтар аз ду сол аз ҷумлаи ҳадафҳои асосӣ мебошанд.

Акс: МН МО ҶТ

Октябрь 19, 2022 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
17 октябр иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад