«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Бо дастури Рустами Эмомалӣ «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» таҳия мегардад
ДУШАНБЕ, 31.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 31 октябр Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо таҷлил карда мешавад. Ба муносибати ин ҷашн шаҳрҳои ҷаҳон зери шиори «Шаҳри беҳтар-зиндагии хубтар» чорабиниҳои гуногун доир намуда, оид ба пешрафтҳои худ маълумот медиҳанд. Душанбе — пойтахти Тоҷикистон низ ба яке аз шаҳрҳои замонавӣ табдил ёфтааст, ки далели он рушди коммуникатсия ва технологияи рақамӣ мебошад. «Харитаи электронии шаҳри Душанбе», ки дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳия шудааст, гувоҳи гуфтаҳои болост.
Тавре дар Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, корхонаи мазкур дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «ГШ Эра» лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳриДушанбе»-ро таҳия намуда истодааст. Дар он ба воситаи таҷҳизоти бесарнишин ҳудуди шаҳри Душанбе аксбардорбӣ шуда, ба шакли рақамӣ гузаронида мешавад.
Харитаи электронӣ- ин тасвири картографӣ мебошад, ки дар асоси маълумоти харитаи рақамӣ тавлид шудааст. Он маълумот дар бораи нуқтаҳои геодезӣ, релеф, гидрографӣ, наботот, хок, объектҳои хоҷагидорӣ ва фарҳангӣ, роҳҳо, коммуникатсияҳо, инфрасохтори шаҳрӣ, сарҳадҳо ва дигар объектҳои релефиро дар бар мегирад.
Лоиҳа аз чанд марҳила иборат аст, аз ҷумла:
Марҳилаи якум – Картография, ки ба воситаи таҷҳизоти бесарнишин ҳудуди шаҳри Душанбе аксбардорӣ шуда, ба шакли рақамӣ гузаронида мешавад.
Марҳилаи дуввум –Лоиҳакашии система, ки дар худ омода намудани супориши техникӣ барои оғоз намудани корҳои лоиҳавӣ, гузаронидани мусоҳиба бо сохторҳои мақомоти шаҳри Душанбе, омода намудани талабот барои сохтани қисми барномавӣ, ташаккул додани феҳристи маълумот барои рақамикунонӣ ва ғайраро дар бар мегирад.
Марҳилаи сеюм– Рақамикунонии маълумоти бойгонӣ, ки аз ташаккули пойгоҳи додаҳо барои ҳар манбаи маълумот, пур кардани пойгоҳи додаҳо, ба таври санҷишӣ пайваст намудани пойгоҳи додаҳо ба барнома, пайвастшавӣ ба инфрасохтори шаҳрӣ, ба мисли камераҳои назоратӣ, камераҳои назорати суръат, ҷароғакҳои роҳ ва ғайраро дар бар мегирад.
Марҳилаи чаҳорум – Омода намудани комплекси барномавии «Шаҳри ҳушманд». Ин омода намудани қисмати «frond-end»- барномаи мувофиқа намудани қисмати «frond-end» бо сохторҳои шаҳри Душанбе, яъне омода намудани рӯйхати барнома ва омода намудани қисмати «back-end»-и барнома ба таври тестӣ (қисмати сервер), пайвасти пойгоҳи додаҳои рақамикунонидашуда ва омӯзиши мутахассисон аст.
Марҳилаи панҷум – Навсозии инфрасохтори шаҳрӣ, ки навсозии системаи бехатарӣ, навсозии системаи баҳисобгирии захираҳо ва ғайраро дар бар мегирад.
Марҳилаи шашум – Омода намудани барномаи мобилии «Шаҳрванди фаъол». Бо кумаки барномаи мазкур шаҳрвандон метавонанд ба мақомот муносибати худро нисбат ба қарорҳое, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти шаҳр қабул мешаванд, иброз намоянд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд






