ҲАДИСИ МУСАВВАР. Ҳайати Беларус аз корхонаи «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор боздид намуд

Октябрь 13, 2022 14:00

ДУШАНБЕ, 13.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар  доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати меҳмонон таҳти роҳбарии вазири саноати  Беларус  Александр Рогожник аз шаҳри Ҳисор боздид намуд. Меҳмонон бо фаъолияти корхона шинос шуда, дар коргоҳҳои он аз ҷараёни васлу насби тракторҳо ва парки намоиши техникаю мошинолоти кишоварзӣ дидан намуданд.

Корхонаи «Агротехсервис»  бо ташаббус ва иштироки Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Беларус  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  муҳтарам Александр Лукашенко аз соли 2018 ба фаъолият оғоз карда, дар он васлу насби трактор ва мошинолоту дигар таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ анҷом дода мешавад.

Меҳмонон ба хоҷагии ба номи Латиф Муродов рафта, дар машварати омӯзишие, ки таҳти унвони «Як рӯз дар саҳро» бо ташаббуси Раёсати кишоварзии шаҳр ва иштироки кишоварзон аз шаҳру навоҳии кишвар баргузор гардид, ширкат намуданд. Ба меҳмонони беларусӣ трактори алафдараве, ки муҳандисони ҶСК «Агротехсервис» ба трактори алафдарави олмонии Е-302 монанд сохта, мавриди санҷиш қарор додаанд, муаррифӣ гардид.

Меҳмонони беларусӣ бо кори трактор ҳангоми дарави беда шинос гардида, ба кори муҳандисони тоҷик баҳои баланд доданд.

Ҳайати Беларус инчунин аз Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор  ва боғи зимистонаи «Шаршара» боздид намуд.

Дар зер аксҳои ҷараёни боздиди меҳмонони беларусӣ пешкаш мешаванд:

   

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Октябрь 13, 2022 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

СУРАТ-ДАЛЕЛ. Дар Бохтар таҳти унвони «Ободии диёр мароми мост!» аксияи ҳизбӣ доир гардид
СУРАТ-ДАЛЕЛ. Инъикоси ҷашни Сада дар шаҳри Душанбе аз дурбини суратгири АМИТ «Ховар»
ҲАДИСИ МУСАВВАР. Кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе аз барф тоза карда мешаванд
ҲАДИСИ МУСАВВАР. Волонтёрон дарахтон ва роҳравҳои ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахтро аз барф тоза карданд
ҲАДИСИ МУСАВВАР. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат таъсис ёфт
ҲАДИСИ МУСАВВАР. Дар Бохтар бахшида ба қабули Қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» роҳпаймоӣ доир гардид
ҲАДИСИ МУСАВВАР. Дунёи афсона дар майдони «Истиқлол»-и Душанбе сокинону меҳмононро интизор аст
ҲАДИСИ МУСАВВАР. Дар Бохтар Фестивали лимӯ доир гардид
ҲАДИСИ МУСАВВАР. Роҳҳои байни деҳаи Хоҷаабдолони шаҳри Норак сангфарш гардид
ҲАДИСИ МУСАВВАР. Волонтёрони шаҳри Норак дар шинонидани зиёда аз 860 ниҳол дар талу теппаҳо саҳм гузоштанд
ҲАДИСИ МУСАВВАР. Дар Душанбе барфи аввал борид
ҲАДИСИ МУСАВВАР. Сафири Россия дар Тоҷикистон аз Осорхонаи Пешвои миллат дар Донишгоҳи миллӣ дидан намуд