Ҳайати парлумонии Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи пленарии 54-уми Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ ба Самарқанд сафар намуд

Октябрь 27, 2022 10:20

 ДУШАНБЕ, 27.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати расмии Парлумони Тоҷикистон таҳти  роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБ ИДМ), ҷаласаи пленарии 54-уми АБ ИДМ ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Самарқанд хабар дод.

Дар доираи чорабиниҳои АБ ИДМ ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ  оид ба фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ ва варзиш бо иштироки узви Маҷлиси миллӣ Шодигул Қонунзода, ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ  оид ба сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экологӣ бо иштироки раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода ва ҷаласаи комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ  оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ бо иштироки раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ,  иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода баргузор гардид. Вакилон андешаҳои хешро нисбат ба мавзӯъҳои дар ин чорабиниҳо баррасишуда  иброз доштанд.

Дар ҷаласаҳои мазкур зикр гардид, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз иштирокчиёни фаъоли ИДМ мебошад, ки дар фаъолияти қонунгузории худ аз қонунҳои  намунавӣ хеле  васеъ истифода мекунад. Тӯли солҳои охир савияву малакаи қонунгузории аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бештар тақвият ёфта, таҷрибаи намояндагии онҳо боз ҳам ғанитар гардидааст.

Дар кори ҷаласаҳои комиссияи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ Бахтовар Сафарзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Акс: МН МО ҶТ

Октябрь 27, 2022 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон