Ҳайати расмии Парлумони Тоҷикистон дар кори ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 28.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр ҳайати расмии парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБ ИДМ) иштирок кард, хабар дод ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Самарқанд.
Раёсати баргузории Шӯроро Раиси Ассамблеяи мазкур, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко бар уҳда дошт. Дар ҷаласа аъзои Шӯро 21 масъаларо баррасӣ ва қабул намуданд.
Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки 27 октябр аз таъсиси АБ ИДМ 30 сол сипарӣ мешавад. Он ба яке аз сохторҳои зарурии Иттиҳод табдил ёфта, барои ҳалли муҳимтарин вазифаҳои сиёсию иқтисодӣ шароити муносиб фароҳам меорад.
«Дар ин давра дар симои Ассамблеяи байнипарлумонӣ институти муҳим ва бонуфузи ҳамкории байнипарлумонӣ ва қонунэҷодкунӣ ташаккул ёфтааст, ки саъю кӯшиши асосии он барои ба ҳам наздик намудани қонунгузории миллии давлатҳои иштирокчӣ ва ташаккули махзани ягонаи ҳуқуқӣ нигаронида шудааст»,-тазаккур дод Маҳмадтоир Зокирзода.
Имрӯз дар назди мо вазифаҳои ҷиддӣ – муҳокима ва қабули санадҳои муҳиме истодаанд, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ, таъмини фаъолияти самарабахши Ассамблеяи мо ва афзоиши ҳамкорӣ дар доираи АБ ИДМ нигаронида шудаанд.
Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар доираи ИДМ муносибатҳои дӯстонаи худро ба хотири таҳкими сулҳу оромӣ, амнияту субот дар самти масъулияти ин созмон идома хоҳад дод.
Мавриди зикр аст, ки дар кори ҷаласаи Шӯрои мазкур Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи АБ ИДМ Бахтовар Сафарзода иштирок намуданд.
Акс: МН МО ҶТ









Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
17 октябр иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир шуд
Ҷаласаи навбатии кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занони Маҷлиси миллӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Маҳмадшоҳ Гулзода дар ҷаласаи 24-уми тирамоҳии Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок намуд






