Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 72-уми Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ иштирок намуд

Октябрь 8, 2022 13:35

ДУШАНБЕ, 08.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён дар ҳимояи гузориши чоруми миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба амалигардонии муқаррароти Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар иҷлосияи 72-уми Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати адлия хабар доданд.

Дар ҳамоиш инчунин  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода,  намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, Агентии омор, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи мазкур ширкат намуданд.

Зимни баррасии гузориши Тоҷикистон намояндагони Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баимзорасонии Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбон ва қабули Қонун «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз»-ро бо қаноатмандӣ пазироӣ карданд.

Аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амалигардонии муқаррароти Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҷавобҳои дахлдор ва омори дақиқ манзур гардида, вобаста ба пешрафту навгониҳо ва ислоҳоте, ки зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шудаанд, маълумоти муфассал дода шуд.


Аз ҷумла зикр карда шуд, ки новобаста аз таъсири манфии равандҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва минтақа, пайомадҳои манфии бемории сироятии COVID-19, Тоҷикистон рушди устувор ва суръати баланди афзоиши иқтисодиро тайи солҳои охир таъмин намуд. Дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуд. Аз соли 2016 то соли 2021 афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ баҳисоби миёна 7% солона ташкил дод. Даромади пули аҳолӣ 2,6 маротиба, музди меҳнати номиналӣ 1,6 маротиба зиёд гардид.

Ҳамзамон тадбирҳо вобаста ба амалишавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, роҳандозии ташаббусҳои байналмилалии ҷумҳурӣ дар самти обу иқлим ва дигар ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии кишвар ба  Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ муаррифӣ гардид.

Зикр карда шуд, ки Тоҷикистон механизми пешниҳод ва ҳимояи гузоришҳои миллӣ дар бораи иҷрои санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсонро василаи муҳимми назорати байналмилалии таъмини ҳуқуқи инсон медонад ва бори дигар содиқ будани худро ба ин тартиб тасдиқ мекунад ва кишвари мо уҳдадориҳои байналмилалии худро бовиҷдонона иҷро карда, мунтазам дар ин самт тадбирҳои муассир ва амалӣ андешида истодааст.

Дар фарҷоми ҷаласа, Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба посухҳои ҳайати Тоҷикистон нисбати саволҳои гузошташуда, пешниҳоди маълумот, хусусан омори дақиқу муфассал,баҳои баланд дод.

Ёдовар мешавем, ки  Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз 18 коршиноси мустақил иборат аст, ки аз ҷониби давлатҳои узв иҷрои муқарарроти Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро назорат мекунанд. Паймон байналмилалии мазкур ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро, аз қабили ҳуқуқба ғизои мувофиқ, манзили муносиб, таҳсилот, тандурустӣ, амнияти иҷтимоӣ, об ва санитария, кор ва гайраро таъмин мекунад.

АКС: Вазорати адлия

 

Октябрь 8, 2022 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Қоҳир Расулзода бо директори Бюрои рушди телекоммуникатсияи Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия Космас Завазава мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар Давҳа 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Габон, Кипр ва Сингапур мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2028 дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид
Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид