ҶАЛАСАИ ШВКХ ИДМ ДАР ОСТОНА. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон тӯҳматҳои ҷониби Қирғизистонро рад кард

Октябрь 13, 2022 10:33

ДУШАНБЕ, 13.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 12 октябр дар шаҳри Остона Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд.

Вазирони корҳои хориҷӣ масоили омодагӣ ба ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ (14 октябри соли 2022)-ро баррасӣ намуда, лоиҳаи қарорҳо ва изҳороти муштараки Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ-ро чун замина қабул карда, Нақшаи баргузории машваратҳои бисёрсатҳаи мақомоти корҳои хориҷиро дар чорчӯби Иттиҳод барои соли 2023 тасдиқ намуданд. Гузашта аз ин, перомуни масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Зимни нишаст Сироҷиддин Муҳриддин дар посух ба изҳороти беасоси ҷониби Қирғизистон ба кишварҳои иштирокдори ИДМ дар бораи пайомадҳои таҷовузи низомии қаблан тарҳрезишудаи Қирғизистон бар зидди Тоҷикистон, ки дар натиҷаи он беш аз панҷоҳ нафар кушта шуда, тақрибан дусад нафар мардуми осоишта ярадор шуданд, маълумоти муфассал дод. С.Муҳриддин ёдовар шуд, ки тайи таърихи бистсолаи музокироти Тоҷикистон ва Қирғизистон даҳҳо санадҳо ба имзо расидаанд, ки пас аз тағйирёбии таносуби сиёсии кишвари ҳамсоя бознигарӣ ва қатъ карда мешаванд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон туҳматҳои ҷониби Қирғизистонро, ки аз Созишномаи таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Эъломияи Алмаато ёдовар шуда, онҳоро заминаи ҳуқуқӣ барои таъйини марзи давлатӣ муаррифӣ намудааст, рад кард. С.Муҳриддин таъкид кард, ки масъалаи таъйини хатти марзҳо мавзӯи танзими ин ду санад намебошад. Аз ин рӯ, ба таваҷҷуҳи давлатҳои иштирокдори ИДМ расонида шуд, ки асоси ягонаи ҳуқуқӣ барои идомаи раванди гуфтушунид хуҷҷатҳои тақсимоти миллию ҳудудии Осиёи Миёна дар солҳои 1924-1927 мебошанд, ки аз тамоми расмиёти конститутсионӣ гузаштаанд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон С.Муҳриддин аз ҷониби Қирғизистон даъват ба амал овард, ки аз муташанниҷ гардонидани вазъ худдорӣ намояд, протоколҳои имзошударо қатъиян риоя карда, ҷараёни иҷрои онҳоро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.

Ӯ иброз дошт, ки Тоҷикистон тарафдори ҳалли тамоми масъалаҳо бо Қирғизистон танҳо тавассути василаҳои сиёсиву дипломатӣ мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 13, 2022 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири ҷавонон ва варзиши Миср мулоқот намуд
Дар Берлин 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Нахустин Сафири Тоҷикистон дар Салтанати Умон ба Султони Умон эътимоднома супорид
Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд
Дар Ашқобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқот намуд
Дастовардҳои 35 соли Истиқлолияти Тоҷикистон дар маҷаллаи «Оvo diplomatic»-и Эрон ба нашр расид
Дар Вашингтон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Токио 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Вена ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ доир шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Умон дар соҳаи меҳнат баррасӣ шуданд