ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРӢ АЗ ТОҶИКИСТОН. 58 нафар соҳиби раводиди Ҷумҳурии Корея барои кори мавсимӣ шуданд

Октябрь 10, 2022 14:15

ДУШАНБЕ, 10.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 58 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кори мавсимӣ дар самти кишоварзӣ соҳиби раводиди Ҷумҳурии Корея гардиданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат.

Тавре ба АМИТ «Ховар» Директори Муассисаи давлатии  «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ»-и Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат Диёр Норматов иброз намуд, имрӯз дар доираи  шартномаи баимзорасида миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ба шаҳри Хампёнги музофоти Ҷоланамдо 23 нафар мутахассисони соҳаи кишоварзии тоҷик ба кори мавсимӣ сафарбар гардиданд.

Диёр Норматов зикр намуд, ки қабули шаҳрвандон барои сафар охири моҳи майи имсол шурӯъ гардида буд. Аз 78 нафари номнависшуда мувофиқи талаботи корфармои кореягӣ 58 нафар соҳиби раводид шуда, тибқи нақша 23 нафар шаҳрвандон имрӯз ва 35 нафар 16 октябр тавассути хатсайри Тошканд – Сеул ба Ҷумҳурии Корея ба кор мераванд. Ин нафарон тибқи талаботи корфармо 30- сола мебошанд. Тамоми ҳуҷҷатгузорӣ дар марказ сурат гирифта, танҳо ҳар моҳ аз ҳисоби коргар 20 фоиз гирифта мешавад. Хароҷоти роҳ аз ҳисоби коргар масраф мегардад.

«Дар Ҷумҳурии Корея коргарон аз ҷониби корфармо бо се вақт хӯрок ва ҷойи хоб таъмин карда мешаванд. Як соати корӣ 8 доллар муайян гардида, муҳлати шартномаи меҳнатӣ панҷ моҳ мебошад. Пас аз панҷ моҳ муҳоҷирони меҳнатӣ бояд ба ватан баргарданд»,- гуфт ӯ.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду соли охир ҷиҳати гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамкориро бо кишварҳои ба қувваи корӣ эҳтиёҷманд ба роҳ мондааст. Дар айни замон якчанд лоиҳаи созишномаҳо дар баррасии тарафҳо қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии  «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ»-и Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат давоми соли равон 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кори мавсимӣ ба Британияи Кабир низ сафарбар мегарданд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ

Октябрь 10, 2022 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд