АМАЛИЁТИ «ИСТГОҲ». Дар Тоҷикистон танбашавӣ ва ё дар таваққуфгоҳ нигоҳ надоштани воситаҳои нақлиёт ташвишовар боқӣ мондааст
ДУШАНБЕ, 06.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Аз 5 то 15 октябр бо ташаббуси Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ дар мувофиқа бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди мамлакат амалиёти «Истгоҳ» гузаронида мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Амалиёти мазкур бо мақсади баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ, таксиҳои кироя ва дигар воситаҳои нақлиёт дар кӯчаву роҳҳои ҳудуди ҷумҳурӣ, инчунин коҳиш додани сатҳи садаманокӣ бо иштироки онҳо гузаронида мешавад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бо сабаби дар ҷойҳои муайянгардида-истгоҳҳо ва ё ҳудуди муайяншуда нигоҳ надоштани нақлиёт, инчунин савор кардан ё фаровардани мусофирон дар хатҳои дуюм ва сеюм, дар гузаргоҳ барои пиёдагардон, болои пул ва дар ҳудуди роҳҳои дусатҳа нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёти мусофирбар вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ миёни ронандагон афзоиш ёфта истодааст.
Бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зарурӣ дар ин ҷода ҳанӯз ҳам дар ҷумҳурӣ масъалаи танбашавӣ ва ё дар истгоҳ нигоҳ надоштани воситаҳои нақлиёт ташвишовар боқӣ мемонад.
Дар ин замина Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинон ва меҳмонони кишвар даъват ба амал меорад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо зимни гузаронидани Амалиёти «Истгоҳ» қоидаҳои ҳаракатро риоя намуда, нақлиёти мусофирбари ҷамъиятиро дар истгоҳ ва дигар воситаҳои нақлиётро дар берун аз истгоҳ дар ҳудуди муайяншуда нигоҳ доранд. Дар ҳолати ба қоидавайронкунӣ даст задани ронандагон аз ҷониби нозирони роҳ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
АКС:АМИТ «Ховар»








Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»






