АРМУҒОНИ ШОИСТАИ ИДОНА. Китоб бо номи «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни тоҷикон» бо ду забон-тоҷикӣ ва русӣ ба табъ расид
ДУШАНБЕ, 05.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии фаъолияти сиёсиву давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоб бо номи «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни тоҷикон» бо ду забон- тоҷикӣ ва русӣ бо теъдоди 500 нусха дар нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд интишор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар бештар аз чиҳил мақолаи олимону адибон, сиёсатмадорону сиёсатшиносони ватаниву хориҷӣ доир ба фаъолияти густурдаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақши таърихии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таърихи навини тоҷикон сухан рафтааст.
Муаллифони мақолаҳо дар нигоштаҳои худ самтҳои фаъолияти Пешвои миллатро мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дода, дар асоси мисолҳои мушаххаси таърихиву илмӣ нақши Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди тамаддуни тоҷикон баён кардаанд.
Асар идомаи силсилакитобҳоест, ки қаблан бо номи «Тулӯи ҳақиқат» ва «Китоб-сарчашмаи маърифат» интишор ёфта буданд.
Китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни тоҷикон» бо ибтикор ва эҳтимоми Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар нашр гардида, мураттиб ва веростори он адабиётшинос Саидумрон Саидов мебошад.
Он ҳадяи арзандаи идона ба ҷашнҳои бузурги милливу давлатӣ мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






