АЗ ҚАЪРИ ТАЪРИХ…Бостоншиносон дар шаҳраки Санҷаршоҳ зиёда аз 14 пораи деворнигораҳоро пайдо намуданд
ДУШАНБЕ, 16.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бостоншиносон дар шаҳраки Санҷаршоҳ зиёда аз 14 пораи деворнигораҳоро пайдо намуданд.
Ҳамасола шурӯъ аз соли 2008 аз ҷониби бостоншиносони тоҷик ва ҳамкасбони хориҷии онҳо дар асоси шартнома миёни Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Ҷамъияти швейтсариягӣ оид ба тадқиқоти Авруосиё дар ёдгории Санҷаршоҳи деҳаи Суҷинаи шаҳри Панҷакент ҳафриёт гузаронида мешавад, ки онро номзади илмҳои таърих Шарофиддин Қурбонов ва профессор Михаил Шенкар аз донишгоҳи Ибрии шаҳри Иерусалим роҳбарӣ мекунанд. Дар ҳафриёт инчунин бостоншиносони ҷавони тоҷик Фирӯз Аминов, Абдураҳмон Пулотов, Саидшоҳи Сангалӣ ва Муҳаммадҷон Юсупов ширкат варзидаанд.
Ходими илмии Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон Абдураҳмон Пулотов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки «аз 7 то 28 сентябри соли равон дар маҷмааи қасри ёдгорӣ корҳои ҳафриётӣ гузаронида шуданд, ки мо ба омӯхтани толори азими дар қисми ҷанубу ғарбии маҷмааи қаср оғоз кардем. Дар замони мавҷудият толорро деворнигораҳо (расмҳои рӯи деворӣ), ки порчаҳои онҳо аз харобаҳо ёфт шудаанд, хеле зинат дода буданд. Бо шарофати хизмати заҳматталаб ва тоқатфарсои рассом-таъмиргарон Мария Жервэ аз Осорхонаи давлатии Эрмитажи Санкт-Петербург ва Манучеҳр Раҳмонов аз Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ба мо муяссар шуд, ки қариб 14 порча деворнигораҳоро аз зери хок озод намоем».
Пажӯҳишҳои солҳои ахир дар ёдгории аввали асримиёнагии Санҷаршоҳи деҳаи Суҷинаи шаҳри Панҷакент нишон доданд, ки тақрибан соли 740-уми мелодӣ дар ин ҷой қасри муҳташаме бунёд ёфтааст. Шояд сохтмони қасри боҳашамат – ин натиҷаи сиёсати охирин ҳокими Уммавиёни Хуросон Наср ибни Сайёр (738-748) буд, ки пас аз шӯриши соли 722 ба суғдиён имкон дод, то ба ватан баргарданд.
Одатан дар меъмории Суғди бостон чунин қисмати ҳуҷраҳо барои тахт, яъне ҷои нишасти асосӣ бо тасвири бузурги худо мувофиқи тамоми қонунҳои санъати суғдӣ оро ёфта мешуданд. Тасвирҳо дар сатҳи баланди бадеӣ сохта шудаанд ва бештар аз ҳама, ба деворнигораҳои қасри Шаҳристон (Қалъаи Каҳкаҳаи I ) шабоҳат доранд. Дар ин ҷой тааҷҷубовар нест, зеро ҳам нақшаи худи қаср ва ҳам чӯби кандакорӣ аз Санҷаршоҳ ба нақшаи Шаҳристон хеле наздиканд. Бояд тазаккур дод, ки аввалин намунаи деворнигораҳо аз ёдгории мазкур солҳои 2019 ва 2021 дар деворҳои давраи якуми сохтмонӣ пайдо гардиданд.
«Мо дар мавсими оянда ният дорем, ки барои муайян кардани андозаҳои дақиқи «толори тахт» таҳқиқоти маҷмааи қасрро идома диҳем ва умедворем, ки он ба мо бозёфтҳои нави ёдгориҳои аҷиби санъати суғдӣ меорад»,-афзуд Абдураҳмон Пулотов.
АКС аз Шарофиддин Қурбонов












Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд






