Азим Иброҳим ба ҳайси академики Академияи байналмилалии нақлиётӣ пазируфта шуд

Октябрь 27, 2022 16:30

ДУШАНБЕ, 27.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Конфронси байналмилалӣ, ки чанде қабл дар Душанбе дар мавзӯи «Логистика ва афзалияти он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон бо давлатҳои минтақа» доир гардид, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ба ҳайси академики Академияи байналмилалии нақлиётӣ пазируфта шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, инчунин муовини Вазири нақлиёти кишвар Фаррух Неъматзода ва сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Далер Қурбонзода бо медали фахрии Академияи байналмилалии нақлиётии ба номи Иван Лихачев ва сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ бо медали фахрии ба номи Павел Мелников ва муовини Директори агентии Авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Набизода бо медали фахрии ба номи Николай Жуковский сарфароз гардонида шуданд.

Дар ҳошияи конфронси байналмилалӣ инчунин озмуни «Беҳтарин корхонаи нақлиёти автомобилӣ, терминали нақлиётӣ, ронанда ва логистик», ки аз рӯи ҳаҷм, сифати боркашонӣ, мусофирбарӣ, фаъолияти терминалҳои нақлиётӣ доир ба ҳамлу нақли байналмилалӣ ва логистика миёни корхонаҳои нақлиётии кишвар гузаронда шуд, ҷамъбаст гардид. Ғолибони озмуни мазкур бо диплом сарфароз гардонида шуданд.

Аз ҷумла, аз рӯи номинаи «Корхонаи беҳтарини боркаш» ҷойи аввалро ҶДММ «Хатлон Транс» — и шаҳри Бохтар, ҷойи дуюмро –ҶДММ «Сумайё» — и ноҳияи Рӯдакӣ ва ҷойи сеюмро ҶДММ «Азия Транс» — и шаҳри Душанбе ишғол намуданд.

Аз рӯи номинаи «Корхонаи беҳтарини мусофирбарӣ» ҷойи аввал ба ККВД «Автобус 2» -и шаҳри Душанбе, ҷойи дуюм ба ҶСК «Сайёр» — и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҷойи сеюм ба ҶДММ «Сорбон» – и шаҳри Хуҷанд дода шуд.

Инчунин дар номинаи «Терминали беҳтарини мусофирбарӣ» ҷойи аввал насиби Терминали «Asia Express Terminal» — и шаҳри Душанбе, ҷойи дуюм – ҶДММ Терминали мусофирбарии «Кӯлоб» ва ҷойи сеюм насиби Терминали «Фархор» гардид.

Дар номинаи «Терминали беҳтарини боркашонӣ» ҷойи аввалро ҶСП «Тоҷиквнештранс»-и шаҳри Душанбе, ҷойи дуюмро Терминали байнисарҳадии «Дӯстӣ»-и шаҳри Турсунзода ва ҷойи сеюмро ҶСК Терминали боркашонии «Хизматгор» — и ноҳияи Шуғнон ишғол намуданд.

Тибқи номинаи «Ронандаи беҳтарин» Абдумуқаддис Ғаниев- ронандаи ҶДММ «Наҷот», Тоҷидин Шамсов- ронандаи ҶДММ «Таҷ-Тай»-и шаҳри Душанбе ва Холмурод Давлатов- ронандаи хатсайри №55– «ККВД- 3» шаҳри Душанбе беҳтарин ронанда интихоб гардиданд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 27, 2022 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд