БА ИСТИҚБОЛИ 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ. Дар ноҳияи Шаҳринав бинои шуъбаи сироятии замонавӣ ба истифода дода шуд
ШАҲРИНАВ, 10.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав бинои шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии ноҳия баъди таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав.
Дар маросими ифтитоҳи он муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Абдухолиқ Амирзода ва Раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода иштирок намуданд.
Шуъбаи бемориҳои сироятӣ дорои 8 ҳуҷраи муолиҷавӣ ва ҳуҷраҳои корӣ буда, дорои 20 кати хоб мебошад. Ҳамзамон шуъбаи мазкур бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавии Кардиоманитор, Пирометр, Дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, Луобкашак, Оксигенератор, Ларингоскоп, Пулсоксиметр ва ЭКГ таъмин шудааст.
Хушбахтона, дар доираи таҷдиди шуъбаи мазкур дар беморхона коргоҳи истеҳсоли оксигени тиббӣ насб гардида, хати таъмини кислород муҳайё карда шуд. Дар беморхона дастрасӣ ба хати кислород умуман мавҷуд набуд ва ҳангоми зарурат он ҳатман аз шаҳри Душанбе ё Турсунзода дастрас карда мешуд.
Дар шуъбаи мазкур барои ташхису табобат ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шароиту имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Шуъбаи бемориҳои сироятӣ ҷиҳати пешгирӣ ва ҳифзи солимии сокинон аз бемориҳои гуногуни сироятӣ, аз ҷумла Ковид-19 таҷдиду навсозӣ гардидааст.
Ҳангоми шиносоӣ муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода иброз намуд, ки “бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ шуъбаи мазкур навсозӣ шуда, дар он тамоми шароити зарурии корӣ муҳайё гардонида шуд. Масъулинро мебояд дастгоҳу воситаҳои муосири тиббиро босамар истифода ва бо беморон муомилаи хуб кунанд”.
Раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода изҳор дошт, ки “ҳоло дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бунёду навсозии беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, табобатхонаю дармонгоҳҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Зеро бо татбиқи амалии барномаҳои миллӣ дар соҳаи тандурустии мамлакат, махсусан дар ноҳияи Шаҳринав комёбиҳо назаррасанд. Ин раванд имкон дод, ки соҳаи тандурустӣ бештар рушд намояд ва сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гардад”.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав











ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






