БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон маркази савдои «Хорог сити» ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 28.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи «Табобатхона»-и шаҳри Хоруғ маркази савдои «Хорог сити» ба фаъолият шурўъ кард. Маркази мазкур бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Собир Абдураҳмонов ифтитоҳ гардида, дар он асосан маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз қабили маводи хӯрокворӣ фурӯхта мешаванд. Дар марказ 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо маоши баланд ва ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар доданд.
Дар маросими ифтитоҳи маркази савдо муовини якуми Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Низом Мирзозода ва Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода иштирок намуданд.
Ризо Назарзода бо ин иқдоми нек соҳибкорро намунаи ибрат ва пайравӣ дониста, таъкид дошт, ки ҳамарӯза соҳибкорон ва шахсони эҳсонкор дар шаҳри Хоруғ дар арсаи созандагию ободкорӣ саҳми арзанда мегузоранд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо мардум пайваста таъкид мекунанд, ки «Ватанро дар сухан не, балки сидқан, аз самими қалб дӯст дорему дар ободии он саҳм гузорем».
Низом Мирзозода ин иқдоми некро баҳри рушди соҳаи савдо иқдоми саривақтӣ шуморида, барои таҳким бахшидан ба хизматрасонии ин марказ дастурҳои иловагӣ дод.
Маркази савдо аз чор ошёна иборат буда, ояндаи наздик дар ошёнаҳои боло хизматрасониҳои дигар низ ба роҳ монда мешаванд.
АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»











Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






