БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент коргоҳи истеҳсоли мис бо беш аз 200 ҷои кор ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 10.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи ҷашни бузурги миллӣ- 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶДММ КМ «Зарафшон»-и шаҳри Панҷакент коргоҳи истеҳсоли мис, ки ҳоло сохтмонаш идома дорад, ба истифода дода шуда, дар он беш аз 200 нафар бо ҷои кор ва маоши баланд таъмин карда мешаванд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.
Дар шаҳри Панҷакент бунёди беш аз ҳазор иншооти таъйиноти гуногун пешбинӣ шуда, давоми нуҳ моҳи гузашта 96 иншоот мавриди истифода қарор гирифтанд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимӣ зимни боздид аз шаҳр ҳамроҳ бо муовини Раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо ва Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз якчанд иншооти бунёдшаванда ва коргоҳҳо дидан намуданд.
Онҳо дар хиёбони Рӯдакии шаҳр бо ҷараёни бунёди биноҳои баландошёна шинос шуданд. Ҳамзамон бо бинокорон суҳбат карда, ба соҳибкорон барои ин иқдоми шоиста изҳори сипос намуданд. Зимнан, ҳоло дар шаҳр аз ҷониби соҳибкорон 9 бинои истиқоматии баландошёна бо марказҳои тиҷоратию истеҳсолӣ бунёд мешаванд.


Боздид аз коргоҳи хусусии истеҳсоли хиштҳои ороишӣ, ки сокини деҳаи Чинор Ҷурабой Ғаффоров дар ҳавлиаш бунёд намуда, маҳсулоташ аллакай харидорони зиёд пайдо кардааст, таассуроти нек гузошт. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ӯ барои васеъ намудани коргоҳ ва зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот замин ҷудо намудааст. Дар бинои нави муассисаи таҳсилоти умумии деҳаи Бӯстондеҳи Саразм, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳр аз тариқи ҳашар бунёд шудааст, корҳои охирини омодагӣ барои пазироии хонандагон ҷараён доранд.
Ҳамчунин бо дастгирии созмони ЮНИСЕФ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таъмиру таҷдиди беморхонаи амрози сироятии шаҳр идома дорад.
Фарҳод Раҳимӣ ва ҳамроҳонаш ҳамчунин аз ҶСП «Мармари Зарафшон», ки дубора ба кор шурӯъ намудааст, сардхонаҳои соҳибкорон Қурбонов ва Шокир Азизмуродов дар Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ, ки онҷо ҳоло себу ангур нигоҳдорӣ мешаванд, бунёди меҳмонхонаи нав дар маркази тиҷоратии «Ашан»-и деҳаи Ғӯсар дидан намуда, ба ин иқдоми онҳо баҳои баланд доданд.
АКС: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд






