БЕ МУАЛЛИМ БОСАФО КОШОНАИ МИЛЛАТ НАШУД. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи омӯзгор таҷлил мегардад

Октябрь 2, 2022 10:00

ДУШАНБЕ, 02.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр дар Тоҷикистон Рӯзи омӯзгор таҷлил мегардад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» таҷлили ин ҷашн имсол ба 2 октябр рост омад. Бо назардошти баланд будани шаъну эътибори муаллим дар ҷомеа ин ид дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат пуршукӯҳ таҷлил мегардад.

Ҳукумати мамлакат, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ислоҳоти бомароми маориф, беҳтар кардани сифати таълим, баланд бардоштани масъулияти омӯзгор доим таваҷҷуҳи амиқ зоҳир менамоянд, зеро калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад.

Тавре Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ба шарофати истиқлолият дар фаъолият ва афкори омӯзгорон  таҳаввулоти ҷиддӣ ба вуқӯъ пайваст ва масъулияту мустақилияти онҳо бештар гашт. Омӯзгорон дарси худро бо андешаву ифтихорот ва худшиносии миллӣ созгор намуда, дар ҷабҳаи тарбияи ватандӯстиву ватанпарварии шогирдон нақши сазовор гузоштанд. Ин вазъи хушоянду судманд мақому мартаба ва эҳтироми омӯзгорони арҷмандро дар назди ҷомеа ва аҳли Ватанамон боз ҳам тақвият бахшид.

Заҳмати омӯзгор дар назди давлат эътибори бузург дорад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», якчанд барномаҳои давлатӣ, стандартҳои таҳсилот барои ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, қабули низомномаҳо, таваҷҷуҳ ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, интихоби беҳтарин роҳҳои таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бунёду таъмири мактабҳо, ҳамасола баланд шудани музди меҳнати омӯзгорон, қадршиносии аҳли таълиму тарбия бо ҷоизаҳои давлатӣ ва мукофоти соҳавӣ аз ҷумлаи омилҳои муассиреанд, ки бо мақсади дастгирии омӯзгорон ва такмил бахшидани шароити фаъолияти онҳо корбаст шудаанд»,-изҳор медорад Вазири маориф ва илм.

Ба иттилои расмӣ, дар 6 соли охир (солҳои 2016-2021), дар маҷмӯъ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ қариб ба 50 ҳазор омӯзгор эҳтиёҷи кадрӣ мавҷуд буд. Аз ин рӯ, дар ин муддат Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илм муассисаҳои таҳсилоти умумиро бо 68227 омӯзгор таъмин намудааст.

Дар баробари ин, бо мақсади ҷалби бештари омӯзгорони ҷавон ба таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд имтиёзҳоро пешбинӣ кардааст, ки баҳри амалӣ гардидани онҳо Вазорати маориф ва илм талош меварзад.

 Ба зикри Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51- и шаҳри Душанбе Искандар Давлатов, омӯзгор фарди меҳварии соҳаи маорифи кишвар мебошад. Маориф дар сиёсати иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳаи афзалиятнок эътироф шуда,  аз ҷониби Сарвари давлат «…омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат» ва «…наҷоти миллат аз таҳдиди хатарҳои муосир» эътироф ва рушду инкишофи соҳаи мазкур «ҳадафи стратегии сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон»  арзёбӣ гардидааст.

«Дастгирии бевоситаи Сарвари давлат аст, ки дар  мамлакат  ба мақому мартабаи омӯзгор  таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ворид намудани боби алоҳида (Боби 5. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои раванди таълиму тарбия. Мақоми омӯзгор), ки фаъолияти омӯзгорӣ, ҳуқуқу озодиҳо, масъулият, ҳифзи шаъну шараф, имтиёзҳои омӯзгорон, дигар кормандони соҳаи маориф ва таъминоти моддии онҳоро кафолат медиҳад, нишонаи қадрдонӣ ва эҳтиром ба омӯзгорон аст», -гуфт ӯ.

Искандар Давлатов афзуд, ки дар айни замон дар муассиса 73 нафар омӯзгорони ботаҷриба ба таълиму тарбия машғуланд. «Омӯзгорони муассисаи мо ҳамеша кӯшишу талош меварзанд, ки рисолати худро иҷро намуда, шахсони бомаърифату саводнок ва ба ҷомеа заруриро ба камол расонанд. Ҳамин заҳмату талоши пайвастаи омӯзгорон аст, ки дар соли хониши 2021-2022 хонандагони мо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби 21 мдал гардиданд, ки аз ин шумора 3-тоашро медали тилло ташкил медиҳад»,-изҳор дошт мавсуф.

Директори муассисаи №51 мегӯяд, ки “омӯзгорони мо дар фаъолияти касбии худ принсипҳои ахлоқу одоби инсонӣ ва касбиро риоя  менамоянд ва нисбат ба иҷрои уҳдадориҳои хеш ҳамеша содиқанд”.

Ӯ ҳамчун омӯзгор аз падару модарон даъват ба амал овард, ки дар таълиму тарбияи фарзанд саҳм гузошта, онҳоро дар рӯҳияи инсондӯстиву меҳанпарастӣ ва хайрхоҳӣ ба камол расононанд.

Зеро, ба гуфтаи ӯ, имрӯз волидоне ёфт мешаванд, ки нисбат ба тарбия ва ояндаи фарзандон хунукназарӣ намуда, бетарафиро ихтиёр мекунанд, онҳоро ба ҳоли худашон мегузоранд, ки ин амал боиси ба ҳар кори нодуруст ва кирдорҳои номатлуб даст задани онҳо мегардад.

«Хушбахтона, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нуктаро ба инобат гирифта, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро қабул намуд, ки он робитаи волидайнро бо муаллим устувор мегардонад»,-гуфт ӯ.

Ба зикри Раҳим Саидзода, гузашти айём, равандҳои ҷаҳони муосир ва масъулият барои имрӯзу фардои миллат дар назди омӯзгорони шарафманду садоқатоини мо вазифаҳои боз ҳам бештар масъулиятбору ҷиддитар мегузоранд. Омӯзгоронро мебояд, ки ҳамеша ҳамқадами замон бошанд, сатҳи сифати таълиму тарбияро пайваста баланд бардоранд, усулҳои фаъоли таълимро корбаст намоянд ва барои ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кардани таҳсил дар кишварамон ҳамвора кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Воқеан, омӯзгорӣ пешаи душвору заҳматталаб, вале  пурифтихору сутуданист. Омӯзгор дар ҷомеа мақому мартабаи баланд дошта,  аз эҳтироми ҳамагон бархурдор аст. Аслан, бузургдошти омӯзгор барои халқи фарҳангсолори тоҷик анъанаи дерин буда, ба ин ситоишномаҳои зиёди адабиёти пуровозаву ғановатмандамон гувоҳӣ медиҳанд. Тавре шоир мефармояд:

Бе муаллим босафо кошонаи миллат нашуд,
Бе муаллим равнақе дар ҷодаи санъат нашуд.
Ҳайфи оне к-ӯ зи ёдаш хидмати устод бурд,
Бе муаллим толибе бофазлу соҳибхат нашуд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 2, 2022 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар соҳаи илму маориф вусъат меёбад
Раҳим Саидзода узви алтернативии Шӯрои директорони шарики глобалӣ дар соҳаи маориф аз ҳавзаи Аврупои Шарқӣ, Шарқи наздик ва Осиёи марказӣ интихоб гардид
МАОРИФ-СОҲАИ АФЗАЛИЯТНОК. Дар деҳаи Деҳқонободи шаҳри Турсунзода масъалаи набудани мактаб ҳал гардид
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ИЛМҲОИ ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Дар Коллеҷи тиббӣ-инноватсионии шаҳри Бохтар озмуни малакаи зеҳнӣ аз фанни биология гузаронида шуд
Аз номи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ автобус тақдим гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Данғара оид ба таҳияи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ машварати корӣ доир шуд
МУАЙЯННАМОИИ СОХТОРИ АМИҚИ ЗАМИН ДАР ЗЕРИ ТОҶИКИСТОН. Барои омӯзиши ксенолитҳо* дар Тоҷикистони Шарқӣ экспедитсия анҷом дода шуд
Раиси вилояти Суғд аз мактаби ба номи А. П. Чехов ва Мактаби президентӣ боздид намуд
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Дар Донишгоҳи давлати Хоруғ озмоишгоҳҳои замонавӣ фаъолият менамоянд
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Имрӯз дар Душанбе маросими ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Ин рамзи асосӣ ва муқаддаси давлати мо низ сисола шуд
Дар Душанбе ба шарафи Рӯзи Парчами давлатӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид