Бег Сабур дар ҷаласаҳои Шӯрои роҳбарони мақомоти алоқа ва Шӯрои ҳамоҳангсозии ИДМ оид ба иттилоотонӣ ширкат намуд
ДУШАНБЕ, 28.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25 октябр дар шаҳри Самарқанд ҷаласаи муштараки 58-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти минтақавӣ дар соҳаи алоқа (ИАМ) ва ҷаласаи 28-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба иттилоотонӣ дар назди ИАМ баргузор гардид. Дар чорабиниҳои мазкур ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Сабур иштирок намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Ҷаласа таҳти роҳбарии Вазири рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Узбекистон Шерзод Шерматов бо иштироки ҳайати аъзои комилҳуқуқи ИАМ — мақомоти алоқаи Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Муғулистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон доир гардид.
Яке аз мавзӯҳои калидии ҷаласа- ин баррасии масъалаи самтҳои ояндадори рушди рақамӣ дар кишварҳои иштирокчии ИАМ ва масъалаҳои мубрами рушди соҳаи алоқа/ТИК дар сатҳи миллӣ буд.
Иштирокчиёни ҷаласа ҷараёни омодагии маъмурияти алоқаи ИАМ -ро ба Конфронси умумиҷаҳонии радиоалоқа ва Ассамблеяи радиоалоқа, ки соли 2023 доир мегардад, баррасӣ намуданд.
Дар ҷаласаи муштарак Вазири рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Узбекистон Шерзод Шерматов раиси Шӯрои роҳбарони мақомоти Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа интихоб гардид. Ёдовар мешавем, ки Россия беш аз 30 сол ин Шӯроро роҳбарӣ мекард.
София ШОИК,
Шаҳло САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид






