БОЗИҲОИ ДЕЛФӢ. Муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо директори Кумитаи байналмилалии Делфӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 13.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр дар шаҳри Душанбе муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода бо директори Кумитаи байналмилалии Делфӣ Владимир Понявин мулоқот намуд. Дар вохўрӣ корҳои омодагӣ ба Бозиҳои 16-уми Делфии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки бори аввал дар Тоҷикистон баргузор мешавад, баррасӣ шуданд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» узви гурӯҳи тадорукоти Бозиҳои Делфӣ дар Тоҷикистон Марям Холиқзода.
Ёдовар мешавем, ки Владимир Понявин то омадани ҳайати асосии Бозиҳо бо ҳайати гурӯҳи кории чорабинӣ корҳои бисёреро ба анҷом мерасонад.
Имрӯз бо иштироки аъзои ситоди корӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ҷаласаи омодагӣ ҷараён гирифт. Зимни он зикр гардид, ки Тоҷикистонро дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ 160 нафар наврасони боистеъдоди аз 10 то 25-сола муаррифӣ менамоянд.
Ҳайати иштирокдорони Бозиҳо аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳассилини мактабҳои таълимӣ ва санъат, мутахассисони лаёқатманди муассисаҳои фарҳанг ва ҳунари шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон мебошанд.
Дар Бозиҳо иштироки ҳайатҳо аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Беларус дар назар аст. Теъдоди умумии иштирокчиён зиёда аз 390 нафарро ташкил медиҳад.
Маросими ифтитоҳи Бозиҳои 16-уми Делфӣ 15 октябр, соати 19:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар назар аст.
16 октябр ҳайати расмии иштирокчиёни ин ҳамоиш бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон шинос гардида, дар конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Бистсолаи Бозиҳои Делфии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: таърих ва дурнамо», ки ба 20-солагии Бозиҳои Делфӣ бахшида мешавад, ширкат меварзанд. Ҳамзамон дар ин рӯз иштирокчиён аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид менамоянд.
17 октябр дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ доир мешавад, ки ҳайати меҳмонон ва иштирокчиён аз он дидан менамояд.
Инчунин шоми ҳамин рӯз, соати 19:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ маросими пӯшидашавии Бозиҳо доир мегардад.
Дар назар аст, ки 18 октябр меҳмонон аз Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангӣ дар шаҳри Ҳисор дидан намоянд.
АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ








Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






