Дар Бонки миллии Тоҷикистон тарҳи нави лоиҳаи «Асосҳои рақамии Тоҷикистон» бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 11.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои ташаккули тарҳи нави лоиҳаи «Асосҳои рақамии Тоҷикистон», такмили ҷузъҳои он бо мақсади татбиқи Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдомҳои минбаъдаи Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон зимни мулоқоти муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии мутахассиси калони бахши рушди рақамӣ Чарлз Хёрпи дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Гулбаҳор Назирӣ аз ҳамкории судманд ва кумакҳои ин ташкилоти байналмилалии молиявӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд. Мавсуф гуфт, ки татбиқи ин лоиҳа барои амалисозии мақсадҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, бахшҳои бонкию молиявӣ, афзун намудани пардохтҳои ғайринақдӣ ва беҳтар намудани дастрасии молиявии қишрҳои васеи аҳолӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ бо лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки татбиқи онҳо ба рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ таъсири мусбат мерасонад, шинос гардидд. Амалисозии лоиҳаҳои мазкур корро дар ин самт самаранок гардонида, пешниҳоди хизматрасониҳои босифат ва суботи низоми бонкию молиявии кишварро таъмин менамояд. Мутахассисони калони бахши рушди рақамӣ Чарлз Хёрпи ва Анелия Мюллер аз ҳамкории доимии судманд бо Бонки миллии Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз доштанд, ки машварату муҳокимаҳо дар самти пешбурди лоиҳаи «Асосҳои рақамии Тоҷикистон» идома доранд.
Зикр шуд, ки лоиҳа аз се банд иборат буда, дар он пешниҳоди босифати хизматрасониҳои давлатӣ, татбиқи пурраи самти иқтисодиёти рақамӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии рақамии аҳолӣ ва мансабдорони давлатӣ дарҷ гардидааст.
Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон иброз дошт, ки ҳамкории пурсамари Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ба рушди шабакаҳои дастрасии хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, пешниҳоди маҳсулоти молиявии босифат, баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ мусоидат менамояд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид






