Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон машварати ҷумҳуриявии илмӣ — методӣ доир шуд

Октябрь 30, 2022 09:45

ДУШАНБЕ, 30.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф таҳти унвони «Истифодаи усулҳои инноватсионӣ дар татбиқи тадқиқоти байнифаннӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (МТОК)» машварати ҷумҳуриявии илмӣ — методӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳ хабар доданд.

Дар машварати ҷумҳуриявӣ дотсенти кафедраи барномарезии МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров» Сайфиддин Низомиддинов дар мавзӯи «Усулҳои инноватсионии таълими барномарезӣ дар шароити муосир», сармутахассиси бахши идоракунӣ ва мониторинги сифати тахсилот, дотсенти кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосири ДДҲБСТ Раҳмат Ахмедов дар мавзӯи «Арзёбии натиҷаҳои истифодаи усулҳои инноватсионӣ дар ҷараёни таълим», мудири кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосири ДДҲБСТ Баходур Зиёмидинов дар мавзӯи «Муаммоҳо дар таълими фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ дар тайёр намудани ихтисосҳои ғайритахассусӣ дар МТОК», дотсенти кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосири ДДҲБСТ Назира Азимова дар мавзӯи «Усулҳои фаъоли таълими фанҳои дақиқ дар МТОК», муаллими калони кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДҲБСТ Мазбутҷон Лутфуллоев дар мавзӯи «Муаммоҳои татбиқи технологияҳои рақамӣ дар системаи таълим» ва ғайра маърӯзаи илмӣ карданд.

Ҳадафи машварати ҷумҳуриявӣ ба роҳ мондани истифодаи усулҳои инноватсионӣ дар раванди таълим ва гузариш ба таҳсилоти рақамӣ арзёбӣ карда шуд.

АКС: Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Октябрь 30, 2022 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад