Дар Душанбе дар доираи Бозиҳои 16-уми Делфӣ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 17.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 16 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати меҳмонон, коршиносони соҳа, устодони муассисаҳои таълимӣ дар доираи Бозиҳои 16-уми Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд.
Ҳамоишро муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода ифтитоҳ намуда, меҳмонону иштирокдорони конференсияро ба ҷумҳурӣ хайрамақдам гуфт. Мавсуф баргузории Бозиҳоро дар шаҳри Душанбе мояи ифтихору сарбаландии ҳар тоҷикистонӣ арзёбӣ намуд.
Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода аввалин маротиба таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи байналмилалии бозиҳои Делфӣ баргузор шудани ин чорабинии сатҳи олиро мояи сарфарозии миллати тоҷик шуморид.
Сипас директори Кумитаи байналмилалии Делфӣ Владимир Понявин вобаста ба баргузории Бозиҳои Делфӣ, таърих ва дурнамои он изҳори андеша кард ва аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, мардуми сарбаланди тоҷик ҷиҳати истиқболи самимӣ аз иштирокчиён ва дар сатҳи баланд баргузор гардидани номинаҳои Бозиҳо изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар идома аз ҷониби иштирокдорони конфронс маърӯзаҳои пурмуҳтаво пешниҳод гардиданд. Иштирокдорон изҳор доштанд, ки баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ба таҳкими дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии ҷавонон ва наврасони аъзои давлатҳои ИДМ мусоидат мекунад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг








Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид






