Дар Душанбе дар мавзӯи адабиёти муосири Россия барои бачаҳо ва наврасон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 20 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Меҳмонсарои адабӣ: адабиёти муосири Россия барои бачаҳо ва наврасон” маҳфили аввал дар шакли муколамаи мустақими телевизионӣ бо иштироки адибони муосири кӯдакнавис ва ҷоизадорони адабиёти миллӣ миёни Китобхонаи адабиёти хориҷӣ (Россия) ва Китобхонаи миллӣ (Тоҷикистон) баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Китобхонаи миллӣ.
Зимни муколамаи мустақими телевизионӣ адибони кӯдакнависи Россия ба тариқи онлайн ба суолҳои хонандагон посух доданд. Ин барнома барои бинандагони минтақаҳои дигар низ дастрас мебошад.
Дар ҳамоиш адибони маъруфи тоҷик Латофат Кенҷаева, Зариф Ғулом, Азизи Азиз, Маҷид Салим, Муродалӣ Собир, Юсуфҷон Аҳмадзода, намояндагони китобхонаи бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар, хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии рақамҳои 1, 8 ва 20-и пойтахт иштирок намуданд.
Дар маҳфили аввали муколамаи мустақими телевизионӣ Даря Белякова – Роҳбари Маркази китобхонашиносӣ ва ҳамкории касбӣ, Татяна Болшакова, мутахассиси пешбар, ҳамоҳангсози лоиҳаи “Меҳмонсарои адабӣ”, Наталия Волкова, шоир, нависанда, тарҷумон, омӯзгори забони англисӣ, соҳиби чандин ҷоизаҳои адабӣ, Андрей Кузмичев, мутахассиси технологияи инноватсионӣ ва иттилоотӣ, Александра Литвина, муаллифи як силсила китобҳо барои бачаҳо, соҳиби чандин ҷоизаи адабӣ, Кирилл Машков, роҳбари Маркази иттилооти инноватсионӣ, Вероника Николаева, мутахассиси пешбар оид ба корҳои намоиши китоб, муҳаррири лоиҳаи “Меҳмонсарои адабӣ”, Мария Пономаренко, библиографи Маркази китобҳои бачагона ва барномаҳо барои атфол, баранда ва методисти лоиҳаи “Меҳмонсарои адабӣ”, Иван Рибаулин, сарвари Маркази барномаҳои фарҳангӣ-маърифатӣ ба сурати ҳузурӣ ширкат намуданд.
Муддати 100 сол аст, ки “Китобхонаи адабиёти хориҷии Россия” на танҳо хонандагонашро бо шаҳкориҳои адабиёти олам шинос мекунад, балки ба таблиғи адабиёти рус низ барои хонандагони хориҷӣ даст мезанад. Як самти басо муфид ва пуртаъсиру фоидаовари он- иртиботу ҳамкорӣ бо хонандагони мактабҳои миёна, донишомӯзони макотиби оливу миёна ва омӯзгорони забон ва адабиёти рус дар хориҷ аз қаламрави Россия мебошад.
Китобхонаи адабиёти хориҷӣ таҳти унвони “Меҳмонсарои адабӣ: адабиёти муосири Россия барои бачаҳо ва наврасон” як силсила барномаҳои фарҳангӣ-маърифатӣ пешниҳод мекунад. Он марҳилаи нави як барномаи бузурги ин китобхона барои рушди забони русӣ дар хориҷ, бахусус қаламрави кишварҳои ИДМ ба шумор меравад.
Соли 2023 дар ҳудуди кишварҳои ИДМ Соли забони русӣ эълон шудааст ва ин гуна тадорукот тибқи барномаи густарда пайваста гузаронида мешаванд.
Имрӯз рӯзи дуюм аст, ки фиристодагони Китобхонаи адабиёти хориҷии Москва дар Китобхонаи миллӣ ҳузур дошта, аз шуъбаву толорҳои хониши он дидан менамоянд. Онҳо ҳамзамон бо хонандагон ва кормандон бевосита ҳамсуҳбат шуданд.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон










Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






