Дар Душанбе доир ба низоми ҳуқуқии миллии Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 29.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон Конференсияи Х байналмилалии илмӣ-амалии «Низоми ҳуқуқии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ: таҳлили тамоюл ва дурнамои рушд» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар конференсияи мазкур Ректори донишгоҳ Машраб Файзулло, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Ҷамшед Муртазозода, олимону мутахассисони донишгоҳҳои пешрафтаи Тоҷикистон, намояндагони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ташкилоти гуногун ширкат варзиданд.
Дар доираи видеоконференсия намояндагони кафедраи ҳуқуқи соҳибкории Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Урал ба номи В.Ф Яковлев ва Донишгоҳи давлатии аграрии Кубан ба номи И.Т Трублина сухан гуфтанд.
Маърӯзаҳои иштирокчиёни конференсия дар доираи ҷаласаҳои гурӯҳӣ оид ба масъалаҳои мубрами илми ҳуқуқшиносии муосир, аз ҷумла, оид ба ҳуқуқи байналмилалӣ, гражданӣ, соҳибкорӣ, конститутсионӣ, мурофиаи гражданӣ ва ҳуқуқи ҷиноятӣ баррасӣ шуданд.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш- дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои мубрами рушди илми ҳуқуқшиносӣ дар шароити муосир ва паҳн намудани донишҳои илмӣ-назариявӣ ва амалӣ миёни олимон, омӯзгорон, донишҷӯён, магистрантон, аспирантон, докторантон ва шахсони манфиатдор мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид






