Дар Душанбе Фестивали филмҳои кореягӣ дар Тоҷикистон оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 29.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 29 октябр то 4 ноябри соли равон дар Душанбе «Фестивали филмҳои кореягӣ дар Тоҷикистон-2022» баргузор мегардад, ки он ба 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея бахшида мешавад. 29 октябр маросими ифтитоҳи ҷашнвора дар кинотеатри «Кохи Наврўз» -и шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки дар он филми кореягӣ бо номи «Чеҳраи хонанда» манзури тамошобинон гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар маросими ифтитоҳи «Фестивали филмҳои кореягӣ дар Тоҷикистон-2022» намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Точикистон, Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон, масъулини синамо ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе иштирок намуданд.
Сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донг Сок иброз дошт, ки «Фестивали мазкур барои табодули таҷрибаи ҳарду кишвар дар соҳаи санъати синамо ва густариши минбаъдаи он мусоидат менамояд. Қаблан чунин фестивал солҳои 2013 ва 2015 ва 2017 дар шаҳри Душанбе доир гардида, шумораи зиёди тамошобинони филмҳои кореягиро ҷалб карда буд. Дӯстдорони филм дар ин ҷашнвора метавонанд филми ҳунарии коргардонҳои кореягиро дар жанрҳои драма, комедия, таърихӣ ва низомӣ тамошо кунанд».
Намоиши филмҳои кореягӣ то 4 ноябр дар кинотеатри «Кохи Наврўз»-и шаҳри Душанбе идома меёбад. Дар ин Фестивал филмҳои коргардонон Ҳан Ҷерим- “Симо”(Квансанг с. 2013), Че Донгҳун “Қатл” (Амсал, с. 2015) ва Ли Гебёк “Хушбахт” (Локи с. 2016) ва ғайраҳо намоиш дода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 27 апрели 1992 барқарор карда шудаанд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея моҳи апрели 2015 таъсис ёфта, Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи Кордор соли 2008 ифтитоҳ ёфтааст. Квон Донг Сок нахустин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






