Дар Душанбе нуқтаҳои партовҷамъкунӣ таъмиру таҷдид ва соҳиби дарвоза мешаванд

Октябрь 27, 2022 10:32

ДУШАНБЕ, 27.10.2022. /АМИТ «Ховар»/.  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини беҳдошти муҳити зист, баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ, солимгардонии муҳити атроф, амнияти экологӣ ва дар доираи таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  сатҳи хизматрасонии соҳаи коммуналиро беҳтар ба роҳ монда, дар ин раванд таъмиру таҷдиди нуқтаҳои партовҷамъкуниро дар шаҳраку маҳаллаҳо идома дода истодаанд.

Тавре ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт 1761 адад нуқтаҳои партовҷамъкунӣ мавҷуданд, ки дар шаҳракҳо 346 адад, маҳаллаҳо 318 адад, шахтаҳо 578 адад ва дар ташкилоту идораҳо 519 ададро ташкил медиҳанд.

Бо мақсади фаҳмидани ҳолати воқеии фаъолияти корхонаҳои партовкашони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур ва иҷрои фасли 5-и қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе «Дар бораи тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе» сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Лоиқ Раҳмонзода аз вазъи барориши партов дар шаҳраку маҳалалҳо дидан намуд.

Дар ҷараёни боздид маълум гардид, ки мушкилот дар корхонаҳои воҳиди давлатии ноҳияҳои пойтахт оид ба сари вақт баровардани партов мавҷуд буда, як қисм майдончаҳои партовҷамъкунӣ ба таъмир ниёз доранд. Вобаста ба бартарафкунии ин мушкилиҳо роҳбарони корхонаҳои воҳиди давлатии партовкашони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур нуқтаҳои партовҷамъкунию  қуттиҳои партовро таъмиру рангу бор  намуда, ба даромадгоҳҳои  майдончаҳои партовҷамъкунӣ дарвоза насб намуда истодаанд. Ҳамчунин барои огоҳии бештари аҳолӣ навиштаҷот  бо мазмуни дар кадом муҳлат ҷойгир намудани партов ва дар сурати риоя нагардидани муқаррароти амалкунанда ба ҷавобгарӣ кашида шудани шаҳрвандонро  насб намуда истодаанд.

Лоиқ Раҳмонзода иброз намуд, ки «Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фаъолияти мунтазами корхонаҳои воҳиди давлатии партовкашонро ҷиҳати  сари вақт баровардани партов зери назорат қарор додааст. Ин аст, ки сатҳу сифати хизматрасонии соҳаи коммуналӣ сол то сол рӯ ба беҳбудӣ оварда, баровардан, коркард ва безараргардонии партовҳо дар доираи талаботи экологӣ анҷом дода мешавад.   Хурсандиовар аст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пас аз таҳлили фаъолияти корхонаҳои партовкашони ноҳияҳои пойтахт 460 адад техникаҳои махсуси коммуналӣ, аз ҷумла партовкашонро харидорӣ ва ба сохторҳои марбута тақдим намуд. Чунин дастгириҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сабаб гардиданд, ки  вазъи барориши партов беҳтар гашта, корхонаҳои воҳиди давлатии партовкашонии ноҳияҳои пойтахт дар як рӯз аз нуқтаҳои партовҷамъкунӣ 700-850 тонна партов мебароранд».

Тибқи хулосаи мутахассисони соҳа, муносибат бо партов яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб шуда, ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба вазъи экологӣ қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе  «Дар бораи тасдиқи тартиби ҷамъоварӣ, баровардан, коркард ва безарар гардонидани партовҳои сахти маишӣ дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» мавриди амал қарор дорад.

Тибқи қарори мазкур, баровардани партов аз майдончаҳои партовҷамъкунӣ дар муҳлати як шабонарӯз амалӣ карда мешавад.

         АКС: Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе

Октябрь 27, 2022 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд