Дар Хадамоти гумрук доир ба нақши Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ дар ҳифзи пояҳои давлатдорӣ ҳамоиш баргузор шуд

Октябрь 27, 2022 10:09

ДУШАНБЕ, 27.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар иҷлосияи ХVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муътадил гардонидани вазъи сиёсӣ ва ҷамъиятии мамлакат дар маҷмӯъ 74  санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла, 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардид. Чунин зикр шуд дар ҳамоише, ки дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиш роҳбарияти Хадамот, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва иштирокчиёни бевоситаи Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- собиқ Раиси Кумитаи гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Худойқул Ҳамроқулов  ва ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ  Рафиқа Мусоева иштирок намуда, доир ба аҳамияти Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ибрози назар  намуданд.

Зикр шуд, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ, ки  16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд доир гардид,  рӯйдоди муҳими сиёсӣ дар роҳи ҳифз ва рушди пояҳои давлатдории миллӣ буд. Маҳз дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Яке аз вазифаҳои асосӣ ва муҳими иҷлосия дар радифи таъмини сулҳу субот ва амният- барқарор намудани сохти конститутсионӣ дар кишвар буд.

Маҳз бо даъвати Иҷлосияи сарнавиштсоз дар мамлакат таҳти сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳукумат таъсис дода шуд. Он дар муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш намояд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва неруҳои посбони сарҳадро таъсис дода, муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад.       Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олӣ ба раванди барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва ҳифзи арзишҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, инчунин таъмини ризоияти миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар анҷоми ҳамоиш Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Хуршед Каримзода иштирокдорони иҷлосияи таърихии Шӯрои Олӣ- Рафиқа Мусоева ва Худойқул Ҳамроқуловро бо  медали ҷашнии «30-солагии мақомоти гумрук» сарфароз гардонид.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Октябрь 27, 2022 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст