Дар корхонаи дўзандагии «Лола»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ 30 нафар занони хонашин бо кор таъмин шуданд

Октябрь 4, 2022 09:50

 ДУШАНБЕ, 04.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр  дар хиёбони Рӯдакӣ №156-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт корхонаи дўзандагию истеҳсолии  «Лола» мавриди истифода қарор гирифт, ки дар он 30 нафар занони  хонашин бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда шуданд, хабар дод ба АМИТ «Ховар» муовини Раиси ноҳияи мазкур Наргис Шарифзода.

«Корхонаи дўзандагию истеҳсолии  «Лола»  аввалин коргоҳи дӯзандагӣ дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маҳсуб мешавад, ки ба истеҳсоли либосҳои мактабӣ машғул мебошад»,-гуфт Наргис Шарифзода.

Дар маросими ифтитоҳи корхона роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуданд.    Зимни ҳамоиш занони ба кор ҷалбшуда  аз фароҳам овардани  чунин шароити хуби корӣ  ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ миннатдорӣ баён намуданд.


Ёдовар мешавем, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои таъмини занони хонашин бо шуғл пайваста тадбирҳои муассир меандешанд.

Аз ҷумла, 23 сентябри соли равон дар маҳаллаи  Азизбекови ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонии «Сад ранги чакан» мавриди ифтитоҳ қарор гирифт, ки дар он омӯзиши ин навъи ҳунар ба ҷавондухтарон ва бонувон ба роҳ монда мешавад.

Тавре муовини Раиси ноҳия Наргис Шарифзода иттилоъ дод, марказ аз ҳисоби буҷети маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ маблағгузорӣ карда шуда, дар он барои 20 нафар ҷавондухтарон ва бонувон шароити хуби корӣ фароҳам оварда шуда, минбаъд теъдоди ҷойҳои корӣ зиёд карда мешавад.

 Акс: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Октябрь 4, 2022 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад