Дар Кувайт масъалаи баргузории Конфронси оби СММ-2023 дар Ню-Йорк баррасӣ гардид

Октябрь 4, 2022 16:05

ДУШАНБЕ, 04.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр мулоқоти якҷояи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода ва сафири Подшоҳии Нидерланд Лоренс Вестхоф бо муовини Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдулазиз Сауд ал-Ҷоруллоҳ доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028-ро, ки қарор аст таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистону Подшоҳии Нидерланд дар шаҳри Ню-Йорк 22-24 марти соли 2023 баргузор гардад, баррасӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе баргузор гардид.

Конфронси оби СММ баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.

Акс: ВКХ ҶТ

Октябрь 4, 2022 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид